27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
29.05.2025 07:37

Масъуд Пизишкиён: “Кишварҳои исломӣ бояд дар сулҳу амният ва оромишу рушд зиндагӣ кунанд”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Масқати Умон зимни мулоқот бо эрониёни муқими ин кишвар гуфт, ки дар кишварамон тағйирот ба вуҷуд хоҳем овард ва навобаста аз будан ё набудани таҳримҳо “бо ваҳдату ҳамдилӣ ва дурӣ аз ихтилофу ҷудоӣ Эронро хоҳем сохт”.

Президенти Эрон дар ин суҳбат таъкид кард, ки бояд аз зулму беадолатӣ битарасем ва бар асоси адолату инсоф бо ҳамсоягон ва ҷаҳониён рафтор кунем: “Дар ҳар ҷомеае теъдоди ками одамон ҳастанд, ки ҳарчи кунем, имон намеоранд. Гурӯҳе низ нухбаҳо ва шахсиятҳои барҷастаанд...”

Масъуд Пизишкиён бо ишора ба таҳримҳо таъкид кард, ки агар кишварҳои исломӣ бо ҳам муттаҳид шаванд, робитаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатиро бо шуур густариш диҳанд, дигар ниёз ба касе нахоҳад монд.

“Эътиқод бо тавоноӣ сабаби муваффақият мешавад. Ба минтақаи мо меоянд нафту газ ва манобеи моро мебаранд, вале ба ҷояш силоҳ, бомба ва мушак медиҳанд. Моро аз якдигар метарсонанд ва душманон бо тавтеа ва найранг моро барои ҳамдигар хатарнок месозанд” - гуфт Масъуд Пизишкиён.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, мо барои якдигар таҳдид не, балки имконияте барои рушдем ва бояд аз ин фурсат дуруст истифода карда, бо ҳамдилӣ вазъияти кунуниро тағйир бидиҳем.

“Ман ирода ва азми қатъиро дар подшоҳии Умон мебинам. Ин ирода таърихи тӯлонӣ дорад ва мутмаинам, ки бо ҳамдигар метавонем тағйир ворид намоем” – гуфт Масъуд Пизишкиён.

Ӯ дар интиҳои суханрониаш бо ишора ба ин ки мусалмононро барои ҷанг бо якдигар водор кардаанд, афзуд: “Бояд бипурсем, ки шаётини ҷаҳон аз мо чӣ мехоҳанд. Бояд найрангҳоро канор гузорем ва дар ҷомеа ростӣ, самимият ва танудурустиро ривоҷ диҳем. Мо метавонем бо кумаки якдигар сулҳ, амният, оромиш ва суботро барқарор кунем ва ин корро хоҳем кард”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.