27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
29.05.2025 06:12

Маълум шуд, ки киҳо ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон Будапешт-2025 мераванд

Аз 13-ум то 20-уми июни соли равон дар пойтахти Маҷористон, шаҳри Будапешт бо иштироки 493 гуштишгир аз 85 кишвар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон - Будапешт-2025 оид ба ҷудо доир мешавад.

Тавре маълум шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 ҷудокори номдори тоҷик намояндагӣ мекунанд.

Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон аз ин варзишгарон иборат аст:

Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Нуралӣ Эмомалӣ, Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, Абӯбакр Шеров (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг).

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон - Будапешт-2025 барои ҷудокорони тоҷик хеле муҳим аст, зеро онҳо дар он на танҳо барои медалҳо рақобат мекунанд, инчунин, ҷиҳати дарёфти имтиёзҳо дар радабандӣ ва нишон додани қувваи худ барои мавсими олимпӣ талош хоҳанд кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.