Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Раисони вилоятҳои Суғд ва Минск нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2025-2026 –ро имзо карданд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Мински Баларусия Алексей Кушнаренко дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба санади ҳамкориҳо барои солҳои 2025-2026 –ро ба имзо расониданд, ки ҳадафи он густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратӣ хоҳад буд.
Бар асоси иттилоъ, Алексей Кушнаренко, раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Мински Беларусия дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот намуда, масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.
Вилояти Суғд аз рӯйи шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ҷумҳурӣ мақоми назаррас дорад. Бо шарофати мавқеи географии манфиатовар вилояти Суғд дарвозаи шимолии тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар ин вилоят шароити муосид барои сармоягузории хориҷӣ фароҳам шудааст ва ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ пайваста густариш меёбад ва корхонаҳор муштарак таъсис меёбанд.
Тибқи омор ҳаҷми муомилоти маҳсулот миёнаи вилояти Суғд ва Минск сол ба сол афзоиш меёбад. Дар соли 2024 ҳаҷми мубодилоти моли миёни ду вилоят 1, 5 маротиба зиёд шуда ва дар соли ҷорӣ низ 40 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҷумҳурии Беларусия ба вилояти Суғд шакар, гӯшти гов, гӯшти паранда, маҳсулоти консервашуда, маҳсулоти коркарди чӯб содир мекунад ва вилояти Суғд меваи хушк, чормағ ва ришта содир мекунад.
Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск таъкид кард, ки ҳамкориҳо метавонанд дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, иҷтимоӣ, варзиш ва сайёҳӣ рушд ёбанд. Ҳоло варзишгарони вилояти Минск ва Суғд дар мусобиқаҳои муштарак ширкат мекунанд ва дар оянда ҳамкориҳо дар самти истироҳату табобат дар осоишгоҳҳо густариш хоҳад ёфт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”