Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Роналду дастаашро иваз мекунад ё ба корномааш нуқта мегузорад?
Футболбози португалӣ Криштиану Роналду дар саҳифаи расмиаш дар Инстаграм паёме гузошт, ки ҷомеаи футболиро ҳайратзада кард. Ӯ чунин навиштааст:
“Ин боб ба поён расид. Таърих? Ман навиштани онро идома медиҳам. Ба ҳама ташаккур!”.
Роналду ин паёмро пас аз нокомии навбатӣ, ки дастааш “Ал-Наср” ин мавсимро низ бидуни ҷоизае ба поён расонид ва ҳатто ба Лигаи чемпионҳои Осиё роҳхат гирифта натавонист, нашр кард.
Дар ростои паёми Роналду коршиносони футбол ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Гурӯҳи якум ба назаре ҳастанд, ки футболбоз бо бошгоҳи “Ал-Наср” шартномаашро тамдид намекунад ва бо ин паёмаш гуфтан мехоҳад, ки корномаашро дар дастаи дигар давом медиҳад, зеро ӯ ният дорад дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок кунад ва то он вақт аз футбол намеравад. Аммо гурӯҳи дигар мегӯянд, ки ӯ хаста шудааст ва пурра аз футбол меравад.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи Криштиану Роналду бо бошгоҳи “Ал-Наср” то тобистони имсол амал мекунад ва ҳоло тарафҳо доир ба тамдиди он иттилоъе надодаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”