Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҳуҷуми малах ба киштзорҳо дар Қазоқистон мардумро ба даҳшат овардааст
Ҳуҷуми гурӯҳии малах ба киштзорҳои вилояти Қизилдар ва Қарагандаи Қазоқистон сокинон ва деҳқононро ба даҳшат овардааст. Онҳо мегӯянд, ки агар пеши роҳи паҳншавии малах гирифта нашавад, киштзорҳояшон набуд мегардад. Мардум аз мақомот талаб доранд, ки мубориза бо ин ҳашароти зараровар зудтар оғоз шавад.
Кишоварзе ба номи Сагат Куземханов бо шикоят аз мақомоти маҳаллӣ мегӯяд: “Мегӯянд, ки пудратчӣ то ҳол маводи химиявӣ наовардааст. Пас барои чӣ омаданд? То он даме, ки кори заҳрпоширо сар накунанд, малах ҳама чизро нест мекунад. Онҳо медонистанд, ки ҳуҷуми малах сар мешавад. Онҳо омаданд мисли аскарони бе тиру камон”.
Расонаҳои Қазоқистон менависанд, ки дар ҷануби кишвар дар деҳаи Қарақум мардум дар ҳолати ваҳшат қарор доранд: “Майдонҳоро теъдоди зиёди малах зер кардааст. Ҳамин гуна вазъият дар маркази Қазоқистон низ мушоҳида мешавад. Дар ноҳияи Актогай малахи италиявӣ пур аст. Ин навъи малах махсуси иқлими марказии Қазоқистон аст. Ин навъи малах бисёр боиштиҳо буда, тақрибан ҳама намуди растаниҳоро мехӯрад. Деҳқонон шикоят мекунанд, ки наметавонанд пеши роҳи афзоиш ва густариши малахро гиранд. Онҳо метарсанд, ки бе кишту ҳосил мемонанд”.
Ҳуҷуми малах ҳамчунин, дар ноҳияҳои Шет ва Каркаралин ба қайд гирифта шудааст. Мақомот мегӯянд, ки барои чунин ҳолат омода нестанд. Барои мубориза бо малах тарқибан 200 миллион танга, 9 адад техника, 2 чархболи сабук ва 4 дрони аграрӣ ҷудо шудааст. Бар асоси иттилоъ, дар ҳоли ҳозир мутахассисон дар пайи мушаххас кардани маркази паҳншавии малах мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”