Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Ташрифи соҳибкорони Беларусия ба Суғд. Баррасии густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ
Ҳайати мақомоти ҳукуматӣ ва соҳибкорони Беларусия барои ширкат дар форуми тиҷоратӣ рӯзи 27-уми май ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо Алексей Кушнаренко, раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларусия дар доираи форуми зикршуда масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро баррасӣ намуданд.
Дафтари матбуоти вилояти Суғд дар ин хусус хабар дода, афзуд, ки дар доираи ин сафар форуми тиҷоратӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистону Беларусия сурат гирифта, муассисони ширкатҳо ва ниҳодҳои тиҷоратии ду кишвар дар хусуси таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ гуфтугӯ хоҳанд кард.
Дар ҷараёни мулоқоти роҳбарони вилояти Суғд ва вилояти Минск вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳайати Беларусия ва Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ дар бахши соҳибкории хурду миёна, фаъолияти сармоягузорӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар доираи форум дар Маркази омӯзишии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо ширкати намояндагони бахши тиҷорати Беларусия ва Тоҷикистон форуми тиҷоратӣ доир мешавад.
Дар доираи форум имзо ва татбиқи як қатор созишномаҳо, аз ҷумла созишнома оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ – техникӣ ва фарҳангии вилояти Суғд бо вилояти Минск дар назар дошта шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”