Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Эрон ширкати Гуглро барои тағйири номи Халиҷи Форс ба суд медиҳад
Маркази миллии фазои маҷозии Эрон иқдоми Гугл дар робита ба тағйири номи Халиҷи Форс ба “Халиҷи арабӣ”-ро маҳкум карда, гуфт аз рӯйи ин иқдом ба ниҳодҳои судии байналмилалӣ шикоят мекунад.
Ҳусайн Далериён, сухангӯи Маркази миллии фазои маҷозӣ аз пайгирии ҳуқуқии таҳрифи номи Халиҷи Форс аз ҷониби ширкати Гугл хабар дод ва афзуд, ки ин мавзуъ ба воситаи ниҳодҳои байналмилалии судӣ пайгирӣ хоҳад шуд.
“Мутаассифона, дар рӯзҳои ахир, бархе ширкатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Гугл иқдом ба таҳрифи номи таърихӣ ва кӯҳани Халиҷи Форс кардаанд, ки албатта ин иқдом ба вокуниши шадиди мардуми Эрон ва ҳатто эътирози бархе чеҳраҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯ шудааст” – таъкид намуд Ҳусайн Далериён.
Маркази миллии фазои маҷозии Эрон ҳамчун ниҳоди масъули фазои иттилоотии ин кишвар эътирози қатъии худро нисбат ба истифодаҳои номҳои қалбакӣ барои Халиҷи Форс баён карда, ин корро тағйири ҳадафмандонаи воқеиятҳои географӣ ва таърихӣ медонад, ки бо меъёрҳои байналмилалӣ оид ба тасдиқи номҳои географӣ мухолиф аст.
Ҳусайн Далериён, сухангӯи Маркази миллии фазои маҷозии Эрон таъкид кард, номи Халиҷи Форс тӯли садсолаҳо дар ҳуҷҷатҳои таърихӣ, харита ва муқаррароти байналмилалӣ ба ҳайси номи қонунӣ ва ҷаҳонӣ истифода шуда, аз сӯйи ниҳодҳои байналмилалии муътабар, аз ҷумла гурӯҳи мутахассисони СММ, бо қарори 715-и Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ба расмият шинохта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳаштумин конференсияи СММ низ дар мавриди стандартҳои номҳои географӣ ба беҳтар будани номи таърихии Халиҷи Форс таъкид шуда, эътибори таърихӣ, географӣ ва ҳуқуқии он тасдиқ шудааст.
“Ҷумҳурии Исломии Эрон истифода аз номҳои қалбакӣ барои Халиҷи Форсро таҷовуз ба ҳувияти миллии худ ва назқи моддаи 19-и банди 3-юми Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки эҳтиром ба ҳаққи давлатҳо оид ба номгузории ҷуғрофиёиро ҳатмӣ мешуморад, медонад”. – гуфт Ҳусайн Далериён.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”