Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Арабистон беш аз 13 ҳазор нафарро барои сафари ғайриқонунӣ ба ҳаҷ боздошт кард
Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ рӯзи сешанбе хабар дод, ки дар як ҳафтаи охир, аз 15-ум то 21-уми май дар ҷараёни гузаронидани санҷиш ва амалиёти муштарак бо дигар ниҳодҳои давлатӣ, 13 ҳазору 118 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, ки ғайриқонунӣ ба сафари ҳаҷ омадаанд, боздошт шуданд.
Аз ин шумора, 8 ҳазору 150 нафар барои вайрон кардани қонунҳои истиқомат, 3 ҳазору 344 нафар барои вайрон кардани қонуни амнияти марзӣ ва 1 ҳазору 624 нафар барои вайрон кардани қонуни меҳнат боздошт шудаанд.
Бар асоси иттилои ин вазорати Саудӣ, 11 ҳазору 566 нафар барои вайрон кардани қонунҳои сафари ҳаҷ аз қаламрави ин кишвар депорт шудаанд. Ҳамчунин, 15 ҳазору 936 нафар барои дарёфт кардани ҳуҷҷатҳои зарурии сафар ба ҳаҷ ба намояндагии дипломатии кишварҳояшон фиристода шуданд. Ҳамчунин, 1 ҳазору 359 нафар барои анҷом додани захира ва банақшагирии сафари ҳаҷ ба намояндагии дипломатии кишварҳояшон фиристода шуданд.
Ин Вазорат хабар додааст, ки 1 ҳазору 207 нафар дар вақти ворид шудани ғайриқонунӣ ба қаламрави Арабистони Саудӣ боздошт шудаанд. Аз ин ҳисоб, 37 дарсад шаҳрвандони Яман ва 61 дарсад шаҳрвандони Эфиопия мебошанд. Ҳамчунин, 13 нафар барои интиқол додани ғайриқонунии ҳоҷиён ба Арабистони Саудӣ боздошт шудаанд.
Дар маҷмуъ 21 ҳазору 872 нафар ҳоҷиёни ғайриқонунии хориҷӣ, ки 20 ҳазору 616 нафарашон мард ва 1 ҳазору 256 нафари дигари онҳо зан мебошанд, ҳоло дар марҳилаи мухталифи ҳуқуқӣ қарор доранд ва нисбати онҳо чораҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла ҷазо андешида мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ ҳушдор додааст, ҳар шахсе, ки ба ворид шудани ғайриқонунии афрод ба қаламрави ин кишвар кумак мекунад, онҳоро интиқол медиҳад, ба онҳо паноҳ медиҳад ё хизматрасонӣ мекунад, ба 15 соли зиндон ё 1 миллион риёл ҷарима рӯ ба рӯ мешавад. Ҳамчунин, хона ва воситаҳои нақлиётие, ки барои интиқоли ҳоҷиён ба шакли ғайриқонунӣ истифода мешаванд, мусодира мегарданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”