27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
27.05.2025 15:09

“Ӯзбекҳо мардуми моянд”. Лукашенко бо ҷараёни кори муҳоҷирони ӯзбек дар Белорусия ошно шуд

Александр Лукашенко, президенти Белорусия дар ҷараёни сафари корӣ ба заминҳои кишоварзии вилояти Гомели Беларусия бо натиҷаҳои лоиҳаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон аз наздик шинос шуд ва онро манфиатбахш тавсиф кард.

Президенти Беларус Александр Лекашенко дар ҷараёни боздид ва баррасии лоиҳаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷ гуфт, ки “ӯзбекҳо мардуми моянд” ва  афзуд, аз неруҳои кори муҳоҷирони меҳнатӣ бо шарти риоя кардани тартибу низом ва қоидаҳо бояд истифода кард.

Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Гомел дар хусуси санҷиши лоиҳаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон барои кор дар заминҳои кишоварзӣ  дар Белорусия ба президент ҳисобот дод. Бар асоси ҳисоботи ӯ, аз миёни 20 довталаби эҳтимолӣ барои арзёбии хатари қонуншиканӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ, ки интихоб шуда буданд, фақат 4 шаҳрванди Ӯзбекистон марҳилаи интихоби душворро гузаштанд.  Мавсуф иттилое пешниҳод кард, ки барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон бисёр муҳим аст.

Президенти Белорусия Александ Лукашенко баъди шунидани натиҷаҳои пешниҳодгардида ба зарурати ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар бо риоя кардани қонун ва назорати ҷиддӣ таъкид карда, гуфт: “Бояд принсипҳое пешниҳод шавад, ки сиёсати давлат нисбат ба муҳоҷиронро муайян кунад.

Ту бо оилаат омадӣ, мо ба ту хона додем, таҳсилу тандурустӣ фароҳам кардем. Муҳим нест, ки аз куҷо омадӣ, муҳим он аст, ки хоҳиши кор кардан дошта бошӣ. Шартнома бастӣ, зиндагӣ ва кор мекунӣ. Агар шартномаро вайрон кардӣ, полис чора мебинад. Тартибот бояд муҳим бошад ва баъд мардум кор мекунанд.”

Лоиҳаи ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ӯзбекистон аввалин лоиҳаест, ки барои ҷалби муҳоҷирони корӣ дар заминҳои кишоварзии Белорусия амал мешавад. Ӯзбекистон дар солҳои охир талош мекунад, ки барои шаҳрвандонаш самтҳои нави муҳоҷирати меҳнатиро пайдо кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.