27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:45, Душанбе
27.05.2025 12:56

Шералӣ Кабир корхонаҳои чиниро барои иштирок дар нахустин форуми нассоҷӣ ба Тоҷикистон даъват кард

Шералӣ Кабир ва сафири Чин дар Тоҷикистон масъалаи густариши ҳамкориҳо дар бахши саноат ва технологияҳои навинро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни мулоқоти Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷи Шумкин, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардуми Чин масъалаҳои муҳимми рушди иқтидори саноатии Тоҷикистон, амалӣ кардани лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ба масъалаи ҷалби сармоягузории Чин ба кластерҳои саноатӣ ва технологӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин, ҳамкорӣ дар самти рақамисозӣ ва муҷаҳҳаз кардани корхонаҳои кишвар бо технологияҳои муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Шералӣ Кабир аз рушди мусбати ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, сохторҳои соҳавии Чинро барои ширкат дар Форуми байналмилалии аввалини нассоҷӣ ва намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват кард.

Тарафҳо дар анҷоми мулоқот ба рушди ҳамкориҳои стратегӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин таъкид намуданд. Қобили ёдоварӣ аст, ки Чин яке аз шарикони асосии сармоягузор дар соҳаи иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Ҷонибҳо дар поёни мулоқот ба рушди ҳамкориҳои стратегӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Чин таъкид карданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.