Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Мушовири Путин мегӯяд Иттиҳоди Шӯравӣ ғайриқонунӣ барҳам дода шудааст
Мушовири президенти Федератсияи Русия Антон Кобяков дар як изҳороти тоза эълон кард, ки раванди барҳам додани Иттиҳоди Шӯравӣ аз назари ҳуқуқӣ бо тартиби дуруст анҷом дода нашудааст ва ин масъала қонунӣ будани барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравиро зери суол мебарад.
Антон Кобяков гуфтааст, ки коршиносони ҳуқуқи конститутсионӣ, аз ҷумла ҳуқуқшиносон дар Амрико ва Фаронса кайҳо боз ин масъаларо мавриди баҳс қарор медиҳанд. Тибқи гуфтаи ӯ, коршиносони соҳаи ҳуқуқи Амрико ва Фаронса таъкид мекунанд, ки барои барҳам додани расмии Иттиҳоди Шӯравӣ бояд қарор аз сӯйи Съезди вакилони мардумӣ, ки соли 1922 Иттиҳоди Шӯравиро ташкил карда буданд, қабул мешуд, вале чунин қарор ҳеч гоҳ қабул нашудааст. Бо ин далел раванди расмии барҳам додани Иттиҳоди Шӯравӣ баҳсбарангез боқӣ мемонад.
Антон Кобяков, мушовири Владимир Путин зикр кард, Созишномаи Беловеж, ки моҳи декабри соли 1991 аз сӯйи роҳбарони Русия, Украина ва Беларус имзо шуд, аз назари ҳуқуқӣ беэътибор аст. Ин санад, ки ба таври амалӣ ба барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ асос гузошт, ба меъёрҳои ҳуқуқӣ мутобиқат намекунад, мегӯяд мушовири президенти Русия. Бар асоси назари ӯ, роҳбарони Шурои олии се ҷумҳурӣ, ки баъдан созишномаро тасдиқ карданд, салоҳияти ҳуқуқии қабули қарор оид ба барҳам додани Иттиҳоди Шӯравиро надоштанд.
Мушовири Владимир Путин афзуд, дар натиҷа аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ Иттиҳоди Шӯравӣ то ҳол вуҷуд дорад, ҳарчанд аз назари амалӣ кайҳо аз байн рафтааст. Ӯ афзуд, ки сурат нагирифтани тартиботи ҳуқуқии дуруст дар барҳам додани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳолати нодирро ба вуҷуд овардааст.
Баъди имзои Созишномаи Беловеж дар соли 1991 бархе аз ҳуқуқшиносон пешниҳод намуданд, ки барои анҷоми расмии мавҷудият ё барҳам додани Иттиҳоди Шӯравӣ бояд Съезди вакилони мардумӣ даъват шавад, аммо ин дархост амалӣ нашуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”