Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Ӯзбекистон беш аз 10 ҳазор донишҷӯёни ҳиндӣ таҳсил мекунанд
Ӯзбекистон ва Ҳиндустон бар пасманзари афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба эълон карданд, ки ҳамкории шарикии стратегии худро дар самтҳои муҳимми маориф, тандурустӣ ва соҳибкорӣ густариш хоҳанд дод.
Сардор Рустамбоев, сафири Ӯзбекистон дар Ҳиндустон гуфт, ки таҳсил дар Ӯзбекистон барои донишҷӯёни ҳиндӣ ҳарчӣ бештар ҷолиб мегардад ва кишвараш дар ин самт ҳамкориҳоро густариш хоҳад дод. Ӯ афзуд, ки феълан беш аз 10 ҳазор донишҷӯёни ҳиндӣ дар донишгоҳҳои тиббии Ӯзбекистон таҳсил мекунанд. Бар асоси иттилои сафир, донишгоҳҳои тиббии Ӯзбекистон барномаҳои шашсолаи таҳсил пешниҳод мекунанд.
Дар форуми ҳамкорие, ки бахшида ба тақвияти робитаҳои Ҳинду Ӯзбекистон дар шаҳри Деҳлӣ доир гашт, ҳайатҳои Донишгоҳи тиббии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии тиббии Бухоро, Донишгоҳи тиббии Намангон, Донишгоҳи Тӯрон, Донишгоҳи тиббии Андиҷон ва Донишкадаи журналистика ва коммуникатсияи Ӯзбекистон ширкат намуданд.
Дар доираи форуми мазкур ёддошти ҳамкорӣ ва тафоҳум миёни донишгоҳҳои Ҳиндустон ва Ӯзбекистон ба имзо расид.
Ҳамчунин, дар форуми зикршуда дурнамои сармоягузорӣ дар соҳаҳои дорусозӣ, агробизнес, саноати хӯрокворӣ, инфрасохтор, технологияҳои иттилоотӣ ва логистикӣ баррасӣ шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”