27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
26.05.2025 17:40

Баҳси доғи атомӣ. Чаро Эрон урани ғанишударо аз хориҷ ворид намекунад?

Эрон масъалаи ғанисозии уранро бахше аз ҳуқуқи табиии худ барои пешбурди Барномаи сулҳомези атомии худ дониста, таъкид мекунад, ки ҳеч вақт ғанисозии уранро канор нахоҳад гузошт. Дар муқобил Амрико ва муттаҳидонаш фаъолиятҳои ғанисозии уранро таҳдиди билқувва барои амнияти ҷаҳонӣ дониста, қотеъона мехоҳанд, ки Эрон Барномаи ғанисозии уранро канор гузорад.

Ихтилофи ғанисозии уран дар миёни Эрон ва Амрико яке аз муҳимтраин ва печидатарин баҳсҳои дипломатӣ дар тайи ду даҳаи охир будааст. Ин масъала дар тозатинин даври музокироти Эрон бо Амрико низ мавриди баҳс воқеъ шуд ва ду ҷониб мақеи худро хати сурх эълон карданд. Амрико канор гузоштани ғанисозӣ аз сӯйи Эронро хати сурх медонад, дар муқобил Эрон ғанисозиро ҳаққи мусаллами худ дониста, таъкид мекунад, ки аз ғанисозӣ ва тавлиди сӯхти атомӣ даст нахоҳад кашид.

Мухолифат бо ғанисозии бумӣ

Амрико дар тӯли ду даҳаи гузашта ва ҳоло хостори канор гузоштани Барномаи ғанисозии уран аз сӯйи Эрон аст. Амрикоиҳо истидлол мекунанд, ки Эрон набояд ба технологияҳои ҳассосе, ба мисли ғанисозии уран дастрасӣ дошта бошад. Онҳо истидлол мекунанд, ки ин технология метавонад ба ҳайси замина барои тавлиди маводи ҳассос барои сохтани силоҳи мавриди ниёзи атомӣ истифода шавад, ҳатто агар Эрон бигӯяд, ки ҳадафаш сохти силоҳи атомӣ нест.

Амрико ба сифати алтернатив пешниҳод мекунад, ки Эрон аз модели Имороти Муттаҳидаи Арабӣ истифода кунад. Иморот дар созишномаи ҳамкории худ бо Амрико, маъруф ба созишномаи 123 уҳдадор шудааст, ки аз ғанисозии уран ва тавлиди сӯхти атомӣ сарфи назар кунад ва ба ҷои он сӯхти мавриди ниёзи неругоҳҳои атомии худро аз бозорҳои байналмилалӣ таъмин кунад.

Ин молел, ки ба ҳайси “стандарти тилоӣ” барои пешгирӣ аз густариши силоҳҳои атомӣ маъмул аст, ба шакле пешниҳод шудааст, ки кишварҳо аз суди энергияи атомӣ баҳраманд шаванд, бидуни он ки ба технологияи ҳассоси атомӣ даст ёбанд.

Ба бовари амрикоиҳо ин роҳкор метавонад ниёзҳои энергетикии Эрон, ба мисли таъмини сӯхти неругоҳи Бушеҳрро бароварда кунад. Ин бовари Амрико бар се меҳвари асосӣ устувор аст:

Ҳуқуқи қонуни зери муоҳидаи

Эрон яке аз имзокунандагони муоҳидаи Манъи густариши силоҳҳои атомӣ дадел меовард, ки ин муоҳида ба сароҳат ҳуқуқи кишварҳои узвро барои рушди барномаҳои атомии сулҳомез, аз ҷумла ғанисозии уран ба расмият мешиносад.

Моддаи чоруми он эълон мекунад, ки ҳеч бахше аз ин муоҳида набояд садди роҳи “ҳаққи ғайриқобили инкор” –и кишварҳо барои истифодаи сулҳомез аз энергияи атомӣ шавад. Эрон моддаро асоси қонунӣ барои барномаи ғанисозии худ медонад ва маҳдудиятҳои таҳмилшударо ба воситаи қудратҳои аврупоӣ табъизомез ва нақзи руҳи муоҳида тавсиф мекунад.

Дахолати стратегӣ ва иқтисодӣ

Таҷрибаи таърихии Эрон, бахусус таҳримҳои шадиди байналмилалӣ, ки аз даҳаи 1080 оғоз шуда ва дар даҳаҳои баъд ташдид шудааст, нақши муҳим дар ин мавқеъгирӣ дорад. Ин таҳримҳо дастрасии Эронро ба мавод ва технологияҳои ҳассос маҳдуд карда ва вобастагӣ ба таъминкунандагони хориҷиро ба як риски стратегӣ табдил кардааст.

Барои мисол, Бушеҳр ва реоктори таҳқиқотии Теҳрон ба урани ғанисозишуда ниёз доранд ва Эрон намехоҳад дар шароити буҳронӣ ба далели қатъ шудани таъмини сӯхт барои кишварҳои хориҷӣ дучори мушкил шавад. Ғанисозии дохилӣ на фақат аз назари иқтисодӣ ба Эрон имконияти худкифоӣ медиҳад, балки аз назари стратегӣ низ тазминкунандаи идомаи барномаи атомӣ дар баробари фишорҳои хориҷӣ аст.

Ҳокимияти миллӣ ва ғурури миллӣ

Барои Эрон ғанисозии уран фаротар аз масъалаи техникӣ аст. Эрон ба далели пешинаи тӯлонии таҳримҳои байналмилалӣ ва таҷрибаҳои манфӣ дар ҳамкорӣ бо таъминкунандагони хориҷӣ барои маводи атомӣ, башиддат нисбат ба вобастагӣ ба дигар омилҳо барои таъмини сӯхти мавриди ниёзи барномаи атомии худ беэътимод аст. Ин таҷрибаҳои талх, ки реша дар даҳаҳои гузашта дорад, нақши муҳимме дар исрори Эрон ба ғанисозии бумии уран, ба сифати бахше аз стратегияи худкифоӣ ва ҳифзи истиқлоли миллӣ ифо мекунад.

Қабл аз Инқилоби Исломии Эрон Амрико сӯхти мавриди ниёзи реактори Теҳронро таъмин мекард, вале баъди инқилоби исломӣ ин ҳамкорӣ қатъ шуд. Дар даҳаи 1980 Эрон ба дунболи таъмини сӯхт аз сарчашмаҳои дигар, аз ҷумла Аргентина буд, вале ин талошҳо низ ба дунболи фишорҳои сиёсӣ ва таҳримҳои Ғарб бо моеаи ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҳатто баъди созиш бо Аргентина барои табдил додани реактор ба истифода аз сӯхт бо ғанисозии пойинтар мушкилоти логистикӣ ва сиёсӣ ҳамчунон идома ёфт.

Дар соли 2010 Эрон ба камбуди шадиди сӯхт барои реактори Теҳрон рӯ ба рӯ шуд, зеро захираҳои  урани ғанишудаи (20%-и) ин кишвар рӯ ба итмом буд. Ин камбуд мустақиман тавлиди радиозотопҳои тиббиро таҳдид кард, ки барои садҳо ҳазор бемори эронӣ, ки ба дармонҳои тиббӣ вобаста ба ин озотопҳо ниёз доштанд, буҳрони ҷиддӣ эҷод кард.

Оё танҳо кишварҳое, ки дунболи силоҳ ҳастанд, ғанисозӣ мекунанд?

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷаи Амрико ахиран иддао кард, фақат кишварҳое, ки ба дунболи силоҳи атомӣ ҳастанд, ғанисозии уранро дар дохил анҷом медиҳанд. Ин иддао бо шавоҳиди таърихӣ ва муосир дар тазод аст. Зеро чандин кишвари фоқиди силоҳи атомӣ ғанисозии уранро барои мақсадҳои сулҳомез анҷом медиҳанд ё дар гузашта анҷом додаанд. Дар идома мисолҳое аз ин кишварҳо пешниҳод мешавад, то собит шавад, ки ғанисозии уран дар дохил заруратан ба ҳадафҳои низомӣ вобаста нест.

Ҷопон

Ҷопон кишварест, ки ба таври қотеъ сиёсати манъи густариши силлоҳҳои атомиро дунбол мекунад. Дар муассисаи Ракашо тавоноии ғанисозии уранро рушд додааст. Ин кишвар аз ин технология барои сӯхти неругоҳҳои атомии худ истифода мекунад ва он бахше аз стратегияи энергияи миллӣ маҳсуб мешавад. Ҷопон ҳамчунон таҳти назорати шадиди Агентии байналмилалии атомӣ кор мекунад ва дар ӯ ҳеч нишонае аз рафтан ба сӯйи ҳадафи низомӣ дида намешавад.

Голандия

Голандия аз тариқи ширкати Уренко, ки як консорсиюси байналмилалӣ барои ғанисозии уран аст, дар тавлиди сӯхти атомӣ ширкат дорад. Уренко муассисаҳое дар Голандия, Олмон ва Британия дорад ва урани ғанисозишударо барои истифодаи сулҳомез дар неругоҳҳо таъмин мекунад. Голандия ҳеч барномаи силоҳи атомӣ надорад ва фаъолиятҳояш комилан дар доираи НПТ анҷом мешавад.

Олмон

Олмон қабл аз тасмими коҳиши истифода аз неругоҳҳои атомӣ баъд аз фоҷеаи Фукусима дар соли 2011 аз тарқи муассисаи Корнау, ки ба воситаи Уренко идора мешавад, дар ғанисозии уран ширкат дошт. Ин фаъолиятҳо сирфан барои тавлиди сӯхти неругоҳҳои атомӣ буд ва ҳеч иртиботе бо ҳадафҳои низомӣ надошт.

Бразилия

Бразилия яке аз дигар кишварҳоест, ки барномаи ғанисозии уранро барои ҳадафҳои сулҳомез рушд додааст. Ин кишвар дар муассисаи Ресенде уранро барои истифода дар неругоҳҳои атомии худ ғанисозӣ мекунад ва ба ҳайси имзокунандаи НПТ уҳдадори насохтани силоҳи атомӣ аст.

Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки ғанисозии уран як технологияи дугона аст, ки метавонад ҳам барои ҳадафҳои сулҳомез ва ҳам низомӣ истифода шавад. Аммо лизоман ба маънои пайгирии силоҳи атомӣ нест.

Иддаои Марко Рубио беш аз ҳад содаангорона аст ва воқеиятҳои мавҷуд дар саноати атомии ҷаҳониро нодида мегирад. Дар воқеъ, бисёре аз кишварҳое, ки ғанисозӣ анҷом медиҳанд, ин корро ба далелҳои иқтисодӣ (коҳиши ҳазинаҳои таъмини сӯхт), стратегия (коҳиши вобастагӣ ба хориҷ) ё илмӣ (рушди техникаи бумӣ) анҷом медиҳанд, на сирфан барои низомӣ.

Чаро модели Иморот барои Эрон муносиб нест?

Модели Иморот, ки бар асоси он ин кишвар аз ғанисозии дохилӣ сарфи назар карда, сӯхти атомиро аз хориҷ ворид мекунад, барои Эрон қобили иҷро нест. Далелҳои зиёде барои напазируфтани он вуҷуд дорад, ки дар идома ҷузъиёти бештари он баррасӣ мешавад

Собиқаи таҳримҳо

Эрон дар тули даҳаҳои гузашта таҳти таҳримҳои шадиди байналмилалӣ қарор доштааст, ки на фақат дастрасиаш ба маводи атомиро маҳдуд карда, балки ҳатто таъмини таҷҳизоти содаро низ душвор сохтааст.

Барои мисол, дар даҳаи 1990, яъне замоне, ки Эрон ба дунболи хариди сӯхт барои реактори таҳқиқотии Теҳрон буд, бо дастрас накардани таъминкунандагон рӯ ба рӯ шуд, ҳатто дар шароите, ки ин реактор барои тавлиди озотопҳои тиббӣ истифода мешуд.

Ин таҷриба ба Эрон омӯхтааст, ки вобаста ба кишварҳои хориҷӣ барои дастрасӣ ба маводи ғанисозишуда метавонад ба як аҳроми фишори сиёсӣ табдил шавад. Агар Эрон ғанисозиро тавқиф кунад ва ба таъминкунандагони байналмилалӣ вобаста шавад, ҳар гуна таниши сиёсӣ ё тағйир дар робитаҳои дипломатӣ метавонад  ба қатъи фаврии таъмини сӯхт боис шавад, ки Барномаи атомии Эрон фоҷеабор хоҳад буд.

Мавқеияти геополитикии пуртаниши Эрон

Бар хилофи Иморот, ки робитаи дӯстонае бо қудратҳои ғарбӣ, бахусус бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дорад ва аз ҳимоятҳои амниятии он бархӯрдор аст, Эрон дар минтақаи пуртаниш қарор дорад ва бо таҳдидҳои амниятии мухталифе рӯ ба рӯ аст.

Эрон худро дар муҳосираи кишварҳое мебинад, ки ё бо он хусумат доранд  ё таҳти нуфузи рақибони минтақавӣ ва ҷаҳониаш мебошанд. Дар чунин шароите ғанисозии дохилӣ ба Эрон имкон медиҳад, то назорати бештаре бар амнияти энергияи худ дошта бошад ва аз вобастагӣ ба дигарон, ки мумкин аст дар замони буҳрон ғайриқобили эътимод шаванд, пешгирӣ кунад.

Ниёз ба худкифоии илмӣ ва технологӣ

Барномаи атомии Эрон фаротар аз тавлиди энергия аст. Ин барнома бахше аз талоши густурдатар барои рушди илмӣ ва технологияи бумӣ аст. Ғанисозии уран на фақат барои таъмини сӯхти неругоҳҳо, балки барои омӯзиши мутахассисон, анҷоми таҳқиқоти пешрафта ва тавлиди отопҳои тиббӣ (монанди  молибдани 99 барои дармони саратон) ҳаётӣ аст.

Пазириши модели Иморот ба маънои канор гузоштани ин ҷанбаҳои рушд аст, ки барои Эрон аз аҳамияти стратегӣ бархурдор аст. Дар муқобил Иморот барномаи атомии худро сирфан ба тавлиди барқ маҳдуд карда ва ҳеч барномае барои рушди технологияи бумӣ надорад.

Тафовут дар ҳадафҳо ва таърихча

Иморот кишварест кӯчак ва вобаста ба иқтисоди нафту газ аст, ки барномаи атомияшро ба сифати такмилдиҳандае барои гуногунсозии сарчашмаҳои энергетикии худ оғоз намудааст. Эрон аммо кишваре бо ҷамъияти бузург, сарчашмаҳои ғании табиӣ ва таърихи тӯлонии истиқлолталабист, ки барномаи атомияшро ба сифати бахше аз ҳувияти миллӣ ва қудрати минтақавӣ мебинад. Қабули моделе, ки барои кишвар ё шароит ва ҳадафҳои комилан гуногун тарроҳӣ шудааст, барои Эрон на амалист ва на мувофиқи мақсад.

Таҳияи хабаргузории “Тасним”

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.