27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:16, Душанбе
26.05.2025 17:12

Толибон як сарбози собиқи русро баъди 41 сол аз Афғонистон “депорт” ва шаҳрвандиашро бекор карданд

Гурӯҳи террористии Толибон шаҳрвандии як сарбози артиши Шӯравии пешинро, ки солҳои зиёд, аз соли 1983 то ба имрӯз, беш аз 41 сол дар Афғонистон зиндагӣ мекард, бекор кардаанд ва ӯ ба Федератсияи Русия баргаштааст.

Ин сарбози артиши Шӯравии пешин Краснопёров Сергей ном дошта, ҳамсари афғонистонӣ доштааст, ки солҳо боз бо ҳам зиндагӣ мекардаанд. Ӯ дар суҳбат бо телевизиони “РТ”-и Русия гуфт, ки бекор шудани шаҳрвандиаш аз сӯйи гурӯҳи террористии Толибон ӯро дар вазъияти печидаи ҳуқуқӣ қарор додааст. Краснопёров Сергей гуфтааст, хонаводааш дар Афғонистон зиндагӣ мекунад ва бекор шудани шаҳрвандиаш боиси он мешавад, ки дигар дар Афғонистон зиндагӣ карда натавонад.

Ин сарбози Шӯравии пешин мегӯяд, ки соли 1983 аз шаҳри Гургани Федератсияи Русия ба артиши Шӯравӣ даъват шудааст: Ӯ дар аввал фикр мекарда, ки дар сафи неруҳои марзбонӣ ба хизмат машғул мешавад, вале баъдан ӯро ба Афғонистон мефиристанд. Вай дар Афғонистон аввал дар баталиёни таъминоти логистикӣ ва пасон дар полки пиёдагарди шаҳри Чағанран дар вилояти Ғӯр хизмат мекунад.

Сергей Краснопёров дар суҳбат бо телевизиони РТ-и Русия мегӯяд, ки ҷанҷолаш бо ҳамхизматҳояш дар хусуси масъалаи захираҳои анбори артиш боис шуд, ки сафи неруҳои Шӯравиро тарк карда, ба гурӯҳи муҷоҳидони афғонӣ пайвандад: “Аз ман арақ мехостанд. Як шаб маро латукӯб карданд, субҳ тоб оварда натавонистам, фирор кардам ва дар роҳи тасодуфан ба муҷоҳидини “Ҳизби Исломии Ҳикматёр” расидам”.

Ин сарбози рус сарнавишти асир шудан бо дасти муҷоҳидини ҳизби Гулбиддини Ҳикматёр ва зинда монданашро чунин қисса мекунад: “Ман ба дасти Гулбиддин Ҳикматёр афтодам. Дар оғоз вазъам бисёр хатарнок буд. Шахсе бо номи Сафархон пешниҳод кард, ки маро бикушанд. Вале дигарон гуфтанд, ки интизор шаванд, то фармондеҳ биёяд. Вақте фармондеҳ омад, дастур дод, ки ба ман даст нарасонанд. Гуфтанд, бояд фаҳманд, ки ман кӣ ҳастам ва чӣ мақсад дорам. Фармондеҳ гуфт, ки ман бо онҳо наҷангидаам ва бе силоҳ омадаам ва ҳамин буд, ки зинда мондам”.

Сергей Краснопёров зикр кард, ки дар аввал ӯро дар занҷир баста, дар зиндоне нигоҳ доштанд. Дар шаб дар наздаш печка мегузоштанд, барояш ғизо меоварданд ва муносибати бад надоштанд. Бо гузаштани чанд вақт иҷозаи берун рафтан аз қароргоҳи муҷоҳиддинро мегирад ва ба корҳои рӯзмарра кумак мекунад. Муҷоҳиддин баъди як сол ба ӯ пешниҳод мекунанд, ки издивоҷ кунад: “Як духтарро нишон доданд ва гуфтанд, агар бимонӣ, бо ӯ хонадор мешавӣ. Медонистам, ки бе издивоҷ рафтан ғайриимкон аст”.

Сергей Краснопёров баъдан ба ислом имон оварда, номи Нурмуҳаммадро барои худ интихоб мекунад: “Вақте “Инҷил” –ро хондам, дидам, ки 80 фоизи мафҳумҳояш бо Қуръон яксонанд. Худо як аст, муҳим имон аст, на шакли ибодат”. Ӯ аз ҳамсари афғонаш беш аз шаш фарзанд дорад ва дар муддати 41 соли зиндагии сахтеро дар Афғонистон паси сар кардааст: “Мо ҳафт фарзанди худро пеш аз яксолагӣ аз даст додем. Табобати суннатӣ ва дуоҳои қуръонӣ ба мо кумак намуданд, ки фарзандони баъдӣ зинда монанд ва ҳоло шаш фарзанд  дорем”.

Ин сарбози Шӯравӣ дар Афғонистон ба ҳайси ронанда, механик, наҷҷор, оҳангар ва ҳатто осиёббон кор кардааст: “Ҳар коре метавонистам, мекардам. Мошин таъмир мекардам, генераторро фаъол мекардам...”

Ӯ мегӯяд, ки дар солҳои 1990 консулгарии Русия дар Мазори Шариф ба ӯ пешниҳод кард, ки ба Федератсияи Русия баргардад. Хонаводааш низ ба дидори ӯ ба Афғонистон омада, ӯро ташвиқ мекунанд, ки ба Русия баргардад. Сергей Краснопёров пешниҳоди онҳоро рад мекунад, зеро метарсад, ки барои фирор аз ҷабҳа ва ҳамроҳ шудан ба гурӯҳи душман ӯро ҳукми қатл медиҳанд.

“Тарсида будам. Фикр мекардам, агар баргардам, маро зиндонӣ мекунанд ё ҳукми қатл медиҳанд. Занам ҳомила буд, як фарзанд доштем. Наметавонистам онҳоро танҳо гузорам. Ба ман гуфтанд, ки агар ҳоло наоӣ, дигар ба кумаки мо умед набанд. Ман гуфтам, ё бо оила меоям ва ё намеоям” – мегӯяд Сергей Краснопёров.

Дар замони ҳокимияти Бурҳониддин Раббонӣ Сергей Краснопёров ба бемории вазин гирифтор мешавад ва имкони табобат дар беморхонаро пайдо намекунад ва бо усулҳои анъанавӣ муолиҷа мешавад. Ӯ мегӯяд: “Таби сахт доштам. Табибон маро табобат накарданд. Модари ҳамсарам пӯсти пиёз овард, онро дар танам гузоштанд, ҷигари хомро дар оби гарм заданд ва бо намак ба ман доданд. Бо ҳамон табобат сиҳат шудам”.

Дар замони оғози ҳукумати Ҳомид Карзай дар соли 2001 Сергей Краснопёров шаҳрвандии Афғонистонро ба даст меоварад. Гурӯҳи террористии Толибон баъди ба сари қудрат омадан дар соли 2021 ҳамаи қарор, фармон ва қонунҳои ҳукуматҳои қаблии Афғонистонро бекор карданд ва бо ин сабаб шаҳрвандии Сергей низ бекор мешавад.

Сергей ҳоло ба Русия баргашта, мехоҳад шаҳрвандии  Русияро бигирад ва дубора ба Афғонистон баргардад. Ҳоло ӯ бо раводиди семоҳа дар Русия қарор дорад ва умед дорад, ки қабл аз бозгашт ба Афғонистон шаҳрвандии Русияро ба даст меоварад.

“Мехоҳам ба Афғонистон баргардам, аммо ин бор ҳамчун як шаҳрванди Русия” – мегӯяд Сергей. Ӯ мегӯяд, ки агар ба Русия, ба зодгоҳаш баргардад, танҳо барнамегардад: “Оила чизест, ки инсонро нигоҳ медорад. Яккаву танҳо зиндагӣ карда намешавад. Ҳадафам ин аст, ки барои худ ва оилаам шаҳрвандии Русияро гирам ва бо кумаки мақомот умеди бозгашти доимиро дорам”.

Баъди шикаст ва хуруҷи неруҳои артиши Шӯравӣ дар соли 1989 аз Афғонистон сарбозони зиёди ин артиш дар Афғонистон, ки дар асорати  гурӯҳҳои муҷоҳиддин буданд, зиндагиро дар ин кишвар идома доданд. Яке аз чунин сарбозони артиши Шӯравӣ бо номи Ҳакимов дар Ҳирот зиндагӣ мекард, ки дар моҳи декабри соли 2022 дар он ҷо вафот карда ва дафн шуд.

Машҳуртарин сарбози рус, ки дар Афғонистон ба ҳаёт ба сар мебурд, муҳофизи Аҳмадшоҳ Масъуд буд. Ӯ солҳо дар канори Аҳмадшоҳ Масъуд зиндагӣ кардааст ва ривоятҳои зиёде дар бораи муносибати самимии Аҳмадшоҳи Масъуд бо ӯ нақл мешавад.

Чанде қабл расонаҳои русӣ гузориш доданд, ки қисми зиёди асирони замони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва мақомот барои бозгашти онҳо чораҷӯӣ мекунанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.