27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:44, Душанбе
26.05.2025 16:44

Миронов ба сарвазири Русия пешниҳод кард, ки рейтинги санҷиши аҳволи иҷтимоии муҳоҷирон ҷорӣ карда шавад

Сергей Миронов, раиси ҳизби “Русияи одил барои ҳақиқат” ба сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин пешниҳод кард, ки дар  Русия низоми санҷиши рейтинги аҳволи иҷтимоии муҳоҷирон ҷорӣ карда шавад. Дар ин бора хабаргузории “РИА Новости” хабар медиҳад.

“Пешниҳод мешавад, ки масъалаи таъсиси низоми рейтинги иҷтимоӣ дар Федератсияи Русия мавриди баррасӣ қарор гирад ва нисбати шаҳрвандоне, ки дар қаламрави ин кашвар муваққатан ё доимӣ иқомат доранд, татбиқ шавад” – зикр шудааст дар пешниҳоди Сергей Миронов.

Бар асоси иттилоъ, пешниҳоди гузаронидани рейтини аҳволи иҷтимоии муҳоҷирон бо чанд меъёр анҷом дода мешавад. Меъёрҳои риояи қонунгузории муҳоҷират, надоштани доғи судӣ, қонуншиканиҳои маъмурӣ, доштани ҷойи кори расмӣ, пардохти андозҳо, ширкат дар барномаҳои давлатии мутобиқсозӣ ва ҳамгироӣ, инчунин, донистани забони русӣ ва қонунҳои Русия муайянкунандаи рейтинги аҳволи иҷтимоии муҳоҷирон хоҳад буд.

Тибқи ин пешниҳод, дар ҳолати вайрон кардани мунтазами меъёрҳои рейтинги иҷтимоӣ механизми ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави Русия нисбати чунин ашхос татбиқ мешавад ва барои онҳо депорти умрбод аз ин кишвар таъйин карда мешавад.

Сергей Миронов дар суҳбат ба “РИА Новости” гуфтааст, ки рейтинги эътимоднокии иҷтимоӣ бояд саҳми шахсии шаҳрвандони хориҷиро дар рушди иқтисод арзёбӣ кунад ва ҳамчунин, нишон диҳад, ки то чӣ андоза онҳо ба пайвастани сарнавишти худ бо Русия омодагӣ ва ангеза доранд.

“Ҷорӣ кардани рейтинги эътимоднокӣ имкон медиҳад, ки бисёр масъалаҳои сиёсати муҳоҷиратӣ ҳал шаванд. Муҳим он аст, шахсе, ки бо виҷдон қонунҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои Русияро риоя мекунад, метавонад имтиёзҳо гирад. Аммо имкониятҳои он муҳоҷироне, ки намехоҳанд ин талаботро иҷро кунанд, маҳдуд хоҳанд шуд”- гуфтааст Сергей Миронов.

Сергей Мирнов аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва вакилони Думаи давлатии Русия аст, ки нисбат ба ҳузури муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия доиман изҳори нигаронӣ намуда, ташаббусҳои аҷибу ғарибро барои рондани онҳо аз хоки Русия пешниҳод мекунад. Чанде қабл ӯ пешниҳод кард, ки додани шаҳрвандии Русия ба муҳоҷирони меҳнатӣ манъ карда шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.