Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар даври дуюми бақайдгирии довталабон киҳо иштирок карда метавонанд?
Тибқи иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-ум то 30-юми июни соли ҷорӣ даври дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Манбаъ меафзояд, ки тибқи нақшаи фаъолияти Маркази миллии тестӣ дар даври дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2025 шахсоне, ки дар даври якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ сабти ном карда натавонистанд, имкон доранд, ки дар даври дуюм худро номнавис кунанд.
Ҳамчунин, довталабоне, ки дар даври дуюми бақайдгирӣ худро номнавис мекунанду боз интихобҳои авваларо иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав сабти ном кунанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабонро дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳо то 2-юми май дароз карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”