27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
26.05.2025 14:27

299 тан дар Ғазза аз гуруснагӣ ҷон доданд

Буҳрони камбуди маводи ниёзи аввал дар Ғазза амиқтар мешавад ва мардуми фаластинӣ дар натиҷаи он ҷони худро аз даст медиҳанд.

Дар тозатарин гузориш, телевизиони Ал-Ҷазира аз қавли манобеи худ дар Ғазза хабар дод, ки дар натиҷаи қатъи ворид шудани кумакҳои башардӯстона аз сӯйи режими Исроил 299 тан бар асари гураснагӣ, нарасидани дору ва дигар маводҳои ниёзи аввал ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин, кӯдаки 300 зани ҳомиладори фаластиниро бар асари норасоии ҷисмонии ғизоӣ аборт кардаанд.

“Режими Исроил иддао мекунад, ки ба мошинҳои кумакҳои башардӯстона иҷозаи воридшавӣ ба Ғаззаро медиҳад, ҳол он ки фақат 100 мошин вориди ин минтақа шудааст” – хабар медиҳанд масъулони ҳукумат дар Ғазза.

Тибқи гузориш артиши Исроил ба созмонҳои имдодрасон барои тақсими кумакҳо халал мерасонад ва ин боиси гуруснагӣ ва марги бештари фаластиниҳо шудааст. Кабуди дору ва таҷҳизоти тиббӣ дар бемористонҳо боиси ба хатар афтидани ҷони беморон шудааст.

Исроил бо вуҷуди тақозоҳои пай дар пайи ҷомеаи байналмилалӣ барои вуруди кумакҳои башардӯстона мушкил эҷод намуда, роҳи расидани кумакҳои башардӯстона ба фаластиниҳоро бастааст.

Бархе кишварҳо, аз ҷумла Фаронса, Баритания ва Канада дар изҳороти шадид Исроилро ба таҳримҳо ва чораҳои иловагӣ таҳдид карданд. Ба назар мерасад, вазъияти башардӯстона дар Ғазза рӯз ба рӯз бадтар мешавад.

Бенямин Нетаняҳу дар тозатарин изҳороти худ хабар додааст, ки амалиёти низомии ин кишвар бо ишғоли комили Навори Ғазза идома хоҳад дошт. Ӯ гуфтааст, ки баъди нобуд шудани комили Ҳамос назорати комили Новори Ғазза дар ихтиёри Исроил қарои мегирад.

Эрон ва бисёре аз кишварҳои арабӣ шадидан норозагии худро дар робита ба тарҳи Бенямин Нетаняҳу барои ишғоли комили Навори Ғазза ва зери мудирияти худ қарор додани онро рад ва маҳкум кардаанд.

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.