27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Мунира Дадаева: “Дар театр худамро хушбахт ҳис мекунам”
17-уми марти соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз Русия истода, дар санги асос гузоштани бинои нави Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский иштирок карданд ва дар назар аст, ки то моҳи декабри соли 2026 он ба анҷом бирасад.
Дар ин росто, Dialog.tj бо директори Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский ва яке аз ҳунармандони маъруфу маҳбуби кишвар Мунира Дадаева суҳбати махсус анҷом дод, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.
- Муаллима, нахуст бигӯед, ки хабари оғози сохтмони бинои театрро, ки аз ҷониби ду президент санги асос гузошта шуд, чӣ гуна қабул кардед?
- Бо хурсандӣ. Умед дорем, ки фаъолиятамонро дар бинои нав боз ҳам беҳтару хубтар мекунем.
- Солҳост, ки театри шумо бино надорад ва дар бинои Театри Лоҳутӣ кор мекунед. Ин мушкил аст, аммо баръакс кормандони театр фаъолияти хуб нишон дода истодаанд. Чӣ сабаб шуд, ки шумо бо вуҷуди бинои алоҳида надоштан, дилшикаста нашудед ва кор кардед?
- Барои он ки ҳайати кории театри мо ба касбу кору ҷойи корашон содиқанд, ин кору ин саҳнаро дӯст медоранд. Алалхусус, саркоргардони театр Хуршед Мустафоев тавонист, ки дар ин давра намоишҳои хубу диданӣ ба саҳна гузорад ва боз ҳам ҳунармандону тамошобинонро наздиктар намояд.
- Бигӯед, ки ҳоло дар театр чӣ навигарист, алоқамандони театри шуморо кадом намоиши наве интизор аст?
- Ба наздикӣ намоиши кӯдаконаи “Золотая Антилопа” дар таҳияи Некқадам Шоназаров доир шуд, ки аз ҷумлаи корҳои нави театрамон ба ҳисоб меравад. Ҳама хоҳишмандон метавонанд аз ин намоиши хубу диданӣ ғизои маънавӣ бигиранд.
- Чаро шумо бо журналистон кам ҳамсуҳбат мешавед, оё шуморо хафа кардаанд ё сабаби дигар дорад?
- Ман суҳбат мекардам, вале мутаассифона, бархеҳо суханҳоямро ба мардум дигаргуна расонданд, ки бароям нохушоянд буд.
- Аз соли 2015 инҷониб шумо директори театр ҳастед. Оё вазифа ба кори эҷодӣ таъсири манфӣ намерасонад?
- Як сухани маъмул ҳаст, ки вазифа ҳунармандро аз эҷод кардан канор мемонад, вале тӯли ин солҳо ман одат кардаам ва таъсири манфиашро надидаам.
- Солҳост, ки студияи назди Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский фаъол аст ва шогирдони он имрӯз аллакай ҳунарпешаҳои шинохтаанд, ки дар филмҳо нақш меофаранд. Бигӯед, ки ҳоло фаъолияти студия чӣ гуна аст ва оё имрӯз ҳам барои омода кардани ҳунарпешаҳо хизмат мекунад?
- Студия фаъол аст, лекин солҳои охир ҷавонон фаъолияташонро давом намедиҳанд. Сабаб он аст, ки онҳо дар ин ҷо ояндаи худро намебинанд.
- Дар Театр Маяковский ҳунармандони хеле машҳур кор мекунанд. Оё барои шумо ҳамчун директор мушкил нест бо онҳо кор кардан ё баръакс осон аст?
- Бо ҳунармандони театр, яъне ҳамкоронамон кор кардан хеле осон аст, мо ҳамеша ҳамфикр ҳастем.
- Шумо ҳунарманде ҳастед, ки хеле зиёд таҳсил кардаед: ду сол студияи театрӣ бо роҳбарии Н.А Ширяев, соли 1990 Донишкадаи санъат (ихтисоси ҳунарпеша), панҷ сол студияи театрии назди Театри Маяковский, 4 сол Донишкадаи санъат (ихтисоси режиссор). Бигӯед, ки таҳсил барои ҳунарманд то кадом андоза муҳим аст?
- Таҳсили расмӣ гирифтан барои фаҳмиши кори театр хеле муҳим аст. Ва боз заҳмату меҳнати амалӣ дар саҳна аз он ҳам муҳимтар мебошад.
- Ҳам ҳунарпеша ва ҳам режиссор ҳастед. Чаро маҳз театрро интихоб кардед ва зиёда аз 30 сол мешавад, ки дар як театр кор мекунед?
- Ман аз 4-солагиам дар саҳнаам ва дар ҳамин театр ба воя расидаам. Ба ҷуз интихоби театр дигар интихобе надоштам ва худамро дар театр хушбахт ҳис мекунам.
- Оё боре шудааст, ки аз кори театр хаста шуда бошед ва фикри тарки кор дар саратон пайдо шуда бошад?
- Баъзе вақтҳое буд, ки чунин фикр дар сарам пайдо шуд, вале ҳеҷ тасмими ҷиддӣ нагирифтам, зеро ман ин даргоҳро дӯст медорам ва вафодори саҳнаам.
- Театр барои шумо чист: саҳнаи кор ё макони зиндагӣ?
- Театр бароям зиндагист.
- Шуморо мардуми тоҷик бештар бо филми “Муҳаббат” шинохтанд ва дӯст доштанд. Бигӯед, ки чаро дигар дар филмҳо иштирок намекунед ва оё нақшаи дар ояндаи наздик дар филм ё силсилафилмҳо нақш офаридандро доред?
- Дар аввал бояд бигӯям, ки ман ҳунарпешаи театр ҳастам, на кино. Сипас, ҳоло бароям кор дар театр хеле хуб аст, чунки ин ҷо ҳама чиз зинда аст.
- Дар миёни театрҳои кишвар Театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский аз ҷумлаи беҳтарин театрҳоест, ки тамошобинон хеле зиёд ба намоишҳояш мераванд. Бигӯед, ки чӣ гуна шумо ба ин муваффақият расидед?
- Бо меҳнати пурсамар ва истеъдоди ҳайати кории театр.
- Вақте ки ба театр тамошобин кам ояд, ин айби мардум аст ё айби ҳунармандон?
- Фикр мекунам, бештар айби мардум аст. Пеш аз ҳама маданияти ба театр рафтанро бояд волидон ба кӯдакон омӯзонанд.
- Имсол театри шумо дар фестивали “Парасту” ҷоиза нагирифт, чаро?
- Хуб мешавад, ки ин суолро аз ҳакамони фестивали “Парасту” пурсед. Ба фикри ман мо хубтаринем. Моро бе ҷоиза ҳам мардум мешиносанд ва дӯст медоранд.
- Бо назардошти рушди технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ, оё театр метавонад ҳанӯз ҳам таъсиргузор боқӣ монад?
- Бале, таъсиррасон мемонад, зеро театр ҷоест, ки ҳунармандон бо тамошобинон гуфтугӯи зинда ва бевосита мекунанд.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”