Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Роҳбари ҳукумати расмии Яман дар Русия бо Путин дидор макунад
Роҳбари расмӣ ва аз сӯйи ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшудаи Яман Ришод ал-Алимӣ қарор аст рӯзҳои 27-29-уми май ба Федератсияи Русия сафар карда, бо президент Владимир Путин мулоқот кунад.
“Сафари Шурои раҳбарии ҳукумати Яман ба Русия рӯзҳои 27-29-уми май сурат мегирад. Мулоқоти дуҷониба бо президенти Русия Владимир Путин дар нақша гирифта шудааст” – хабар дод РИА Новостӣ.
Ришод ал-Алимӣ моҳи апрели соли 2022 баъди он ки президенти пешини Яман Абд Раббо Мансур Ҳодӣ гуфт, ки дар қаламравҳои таҳти назорати ҳукумати аз сӯйи ҷомеаи байналмилалӣ расман эътирофшуда Шурои раҳбарии президентӣ таъсис мешавад, ба сари қудрат омад. Ба ин Шуро сиёсатмадорони пешсафи шимол ва ҷануби Яман шомил шудаанд. Ҳукумати расмии Яман ҳоло дар шаҳри Аден қарор дорад, зеро баъди ишғоли пойтахти Яман, шаҳри Санъо аз сӯйи гурӯҳи ҳусиҳо маркази ҳукумат аз он ҷо берун шуд.
Дар ҳоли ҳозир ҳусиҳои Яман дар аксари манотиқи Яман ҳукумат мекунанд. Ин гурӯҳ аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта нашудааст ва дар листи таҳримҳои байналмилалӣ қарор дорад.
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”