Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Нахустин бор дар Осиёи Миёна. Қазоқистон пуриқтидортарин суперкомпютерро фаъол кард
Қазоқистон боиқтидортарин суперкомпютер дар Осиёи Марказиро бо тавоноии тақрибан 2 эксафлопс ворид карда, фаъол кардааст. Ин суперкомпютери фаъол бо истифода аз микросхемаҳои зеҳнии муосир бунёд шуда, аввалин кластер ё суперкомпютер дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Вазорати рушди рақамӣ, навоварӣ ва саноати фазонавардии Қазоқистон эълон кард, ки ин кишвар боиқтидортарин суперкомпютер дар Осиёи Марказиро фаъол кард, ки тавоноии ҳисобу китоби он ба тақрибан 2 эксафлопс мерасад. Тибқи иттилоъ, суперкомпютери мазкур бо истифода аз навтарин микросхемаҳои графикии Н200 сохта шудааст, ки махсус ба барномаҳои зеҳни сунъӣ ва ҳисобу китоб пешбинӣ шудааст.
Ин суперкомпютер дар маркази нави додаҳои Вазорати рушди рақамӣ, навоварӣ ва фазонавардии Қазоқистон насб ва фаъол карда мешавад. Ин марказ бо стандарти боэътимоди ҷаҳонӣ тарроҳӣ шудааст, ки амалкарди устувор ва боэътимоди онро таъмин мекунад.
Ин иқдом дар пай дастури президенти Қазоқистон барои таъсиси зерсохтҳои рақамии миллӣ ва рушди экосистемаи зеҳни сунъӣ анҷом дода мешавад.
Бар асоси иттилоъ, сарчашмаҳои ҳисоббарории ин суперкомпютер на фақат барои мутахассисони техникӣ, балки барои тамоми кишвар дастрас хоҳад буд.
“Ворид шудани ин суперкомпютер як қадами муҳим дар роҳи рушди экосистемаи ҳисоббарори пешрафтаи кишвар мебошад. Барои аввалин бор низ механизме таҳия шудааст, ки воридоти таҷҳизоти технологии пешрафтаро бе пардохти боҷи гумрукӣ ва андози арзиши иловашуда имконпазир месозад” – зикр кардааст Вазорат.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”