27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:48, Душанбе
26.05.2025 10:42

Трамп дар созиши ибтидоӣ бо Эрон таҳримҳои иқтисодиро коҳиш медиҳад

Дар таҳаввулоти тоза дар хусуси музокироти атомии Эрону Амрико рӯзномаи исроилии “Исроил Ҳайом” бо истинод ба як мансабдори амрикоӣ навишт, ки ҳукумати Доналд Трамп ба Эрон лоиҳаи “созиши ибтидоӣ” –ро пешниҳод кардааст.

Мансабдори амрикоӣ гуфтааст, ки ҳукумати Доналд Трамп дар ҳоли баррасии имкони коҳиши таҳримҳои зидди Эрон дар доираи чорчӯби як созиши ибтидоӣ аст. Ин мансабдори амрикоӣ гуфтааст, ки созиши ибтидоӣ даст кашидани Эрон аз ғанисозии комили уранро таъкид мекунад.

Бар асоси гузориши рӯзномаи исроилӣ мансабдори амрикоӣ зикр кардааст, ки Вашингтон аз талаботи худ оид ба қатъ кардани ғанисозии уран аз сӯйи Эрон ақибнишинӣ нахоҳад кард.

Иброҳим Ризоӣ, сухангӯи Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон афзуд, ки агар ҳадафи Амрико фақат пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ бошад, имкон дорад созиш ба даст ояд, вале ҳадаф манъ кардани комили ғанисозии уран бошад, расидан ба созиш имконпазир нахоҳад буд.

Иброҳим Ризоӣ дар суҳбат бо телевизиони “CNN” гуфтааст, ки Эрон дар ҳоли таҳияи варианти “Б” дар сурати шикасти музокироти атомӣ бо Амрико аст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи ҷумъа, 24-уми май даври панҷуми музокироти атомии Эрон ва Амрико дар шаҳри Руми Италия баргузор шуд. Ҳайатҳои музокиракунандаи Эрон ва Амрико гуфтугӯҳои дуҷонибаро “созанда” хонда, афзуда буданд, ки “пешрафтҳое ҳосил” шудааст.

Тибқи гузориши расонаҳо баҳси аслии Амрико ва Эрон бар сари ғанисозии уран дар дохили хоки Эрон аст. Амрико иддао мекунад, ки дастрасии Эрон ба технологияи ғанисозии уран имкони сохтани силоҳи атомӣ ба ин кишварро фароҳам мекунад. Эрон дар посух ба ин иддао гуфтааст, ки ҳеч вақт дар пайи сохтани силоҳи атомӣ нахоҳад буд, аммо ғанисозии уран ҳаққи мусаллами Эрон аст ва аз он даст намекашад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.