Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дронҳои Украина дар Куркс ба чархболи Путин ҳамла карданд
Чархболи президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар ҷараёни сафараш ба вилояти Курск мавриди ҳамлаи густурдаи дронҳои Украина қарор гирифтааст. Дар ин хусус хабаргузории ТАСС хабар дода, афзуд, неруҳои дифои ҳавоии Русия тавонистанд, ҳамлаи дронҳои Украинаро баргардонанд.
Юрий Дашкин, фармондеҳи яке аз воҳидҳои дифои ҳавоии минтақавии Русия гуфт, чархболе, ки Владимир Путинро ҳамл мекард, дар ҷараёни сафари ӯ ба Курск дар рӯзи 20-уми май мавриди ҳамлаи густурдаи дронҳои украинӣ қарор гирифт. Ӯ дар суҳбат бо телевизиони “Русия 24” гуфт: “Чархболи Путин воқеан дар маркази амалиёти дифоӣ барои рафъ кардани ҳамлаҳои густурдаи дронҳои душман қарор дошт”.
Юрий Дашкин афзуд, ки ҳамлаҳои дронҳои украинӣ бомуваффақият дафъ карда шуда, амнияти чархболи президент Владимир Путин таъмин шуд.
Павел Зарубин, журналисти рус низ тасдиқ кард, ки неруҳои мусаллаҳи Украина дар ҷараёни сафари президент Владимир Путин ба Курск ҳамлаҳои худро идома доданд.
Владимир Путин рӯзи 20-уми май бо сафари корӣ ба вилояти Курск рафт ва бо Александр Хинштейн иҷрокунандаи вазифаи губернатор ва ҳамчунин, роҳбарони ташкилотҳои ихтиёрӣ мулоқот намуд.
Владимир Путин ҳамчунин, ба шаҳри Курчатов рафта, бо ҷараёни сохтмони неругоҳи атомии “Курск-2” шинос шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”