Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ду моҳи аввали соли 2025 ба беш аз 6 млн сомонӣ расид
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти нохолиси соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи шакли хоҷагиҳои деқонӣ аз моҳи январ то апрели соли ҷорӣ ба 6,1 миллион сомонӣ баробар шуд.
Бар асоси маълумоти оморӣ ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта то андозаи 7, 7 дарсад зиёд мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми маҳсулоти зироаткорӣ 940, 4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 8, 9 фоиз бештар аст ва маҳсулоти чорводорӣ 5153, 7 миллион сомонӣ, ки 7, 4 фоиз бештар мебошад.
Дар моҳҳои январ – апрели соли 2025 аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нохолиси кишоварзӣ саҳми хоҷагиҳои давлатӣ 16,7 фоиз, хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд 28, 4 фоиз, хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон 8, 1 фоиз, хоҷагиҳои деҳқонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 0, 2 фоиз ва шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ 18, 3 фоизро ташкил дод. Саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 16, 6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ саҳми хоҷагиҳои аҳолӣ 66, 9 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 96, 9 фоиз, вилояти Суғд 56, 7 фоиз, вилояти Хатлон 63, 3 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 73, 1 фоиз.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”