Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Шоми бокс”-и Душанбе. Усмонов ва Болтаев соҳиби медал шуданд
Ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе мусобиқаи IBA.Pro 6 доир гардид.
Муҳорибаи асосии “Шоми бокс”-и Душанбе миёни Баҳодур Усмонов ва Алберт Пагара барои дарёфти камарбанди қаҳрамонии WBA Gold дар вазни сабук баргузор шуд, ки Усмонов дар даври сеюм бо нокаути техникӣ пирӯзӣ ба даст овард.
Ҳамчунин, раиси Ассотсиатсияи байналмилалии бокс Умар Кремлёв ваъда дода буд, ки ба ғолиби муҳорибаи асосии “Шоми бокс” мошин туҳфа мекунад ва ҳамин тавр, Баҳодур Усмонов дар баробари камарбанд боз соҳиби мошин ҳам шуд.
Дар “Шоми бокс” муштзани маъруфи тоҷик Давлат Болтаев, ки ҷоизадори Бозиҳои олимпии Париж-2024 аст, иштирок намуд. Ӯ бо варзишгари камерунӣ Закари-Серж Мвого Амугу ба майдон баромада, дар даври дуюм ҳарифашро тариқи накаут шикаст дод ва соҳиби камарбанди IBA.Pro шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”