Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Суперҷоми Тоҷикистон-2025. “Истиқлол” бори 13-ум барандаи ин ҷом шуд
Дирӯз, 25-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон-2025 бо ҳам рақобат карданд.
Вақти асосии бозӣ ва ду даври изофӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт ва дар зарбаҳои 11-метра бошгоҳи “Истиқлол” бо ҳисоби 5:4 ғолиб гардида, бори 13-ум унвони қаҳрамони Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.
Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор 12750 кас бозии мазкурро тамошо карданд. Дар дидори мазкур бозингари “Регар-ТадАЗ” Шерзод Маҳмадиев аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро бошад, ҳимоятгари дастаи “Истиқлол” Ҷошуа Акпуҷе дар дақиқаи 83-юм ба нишон расонд.
Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш, солҳои 2011 ва 2012 дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” барои Суперҷоми Тоҷикистон рақобат карда буданд, ки дар ҳарду дидор “Истиқлол”-и Душанбе ғолиб омада буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”