Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Туҳфаи Зулайхо Маҳмадшоева ба футболбозони тоҷик
Зулайхо Маҳмадшоева, сарояндаи шинохтаи тоҷик дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол таронаи навбатиашро бо номи “Футбол” нашр кард.
Суруди мазкур аз як ҷиҳат аз корнамоии футболбозони тоҷик қисса мекунад ва аз ҷониби дигар ба футболбозон барои боз ҳам беҳтару хубтар ҳунарнамоӣ кардану ҷоизаҳои зиёд ба даст овардан ангеза медиҳад.
Намоҳанги суруди “Футбол” бисёр ҷолиб омадааст. Дар он лаҳзаҳои ҳассоси бозиҳои тими миллии кишвар нишон дода мешаванд. Махсусан, вақти голзании футболбозон ва баргардонидани зарбаҳои вазнини ҳарифон аз ҷониби дарвозабони маъруфи тоҷик Рустам Ятимов.
Ҳамчунин, дар намоҳанг дида мешавад, ки худи сароянда бо писаронаш ва чанде аз футболбозони хурдсол дар варзишгоҳи марказӣ тамрини футбол мекунад.
Таронаи мазкур дар саҳифаи расмии Зулайхо Маҳмадшоева дар Ютуб нашр шудааст, вале доир ба муаллифи шеър, оҳангсоз ва умуман саҳмдорон чизе ишора намешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад