27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
24.05.2025 10:18

Кумакҳои СММ ҳанӯз ба Ғазза нарасидааст. Куштаҳои ҳамлаҳои Исроил аз 85 ҳазор гузашт

Созмони Милали Муттаҳид раванди амниятии нави Исроил барои интиқоли кумакҳои башардӯстона ба Навори Ғаззаро “тӯлонӣ, печида ва хатарнок” тавсиф кардааст.

Исроил ҳафтаи гузашта, бо вуҷуди мухолифат ва танқидҳои шадиди байналмилалӣ ҳамлаҳои нави худро дар Навори Ғазза оғоз кард, ки дар натиҷаи он 85 нафар кушта шуданд. Исроил гуфтааст, ки ҳадафи оғози амалиёт озод кардани асирон ва баргардондани онҳо ба хонаводаҳояшон аст. Аз замони оғози ҳамлаҳои ҷадиди Исроил 300 нафар дар Навори Ғазза кушта шудаанд.

Дар пайи афзоиши фишорҳои байналмилалӣ Исроил эълон кард, ки иҷоза медиҳад рӯзи душанбе 5 камаз ва рӯзи сешанбе 93 камаз кумакҳои башардӯстона вориди Навори Ғазза шавад. Бо вуҷуди ин, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки ин кумакҳо ҳанӯз ба Навори Ғазза нарасидааст.

“Ҳеч кадом ин кумакҳо воқеан ба фаластиниҳо нарасидааст ва раванди таъмини амниятӣ барои расондани кумакҳо ба анборҳои мавриди ниёз тӯлонӣ, печида, душвор ва хатарнок аст” – гуфт Стефан Дюжаррик, сухангӯи Созмони Милал.

Стефан Дюжаррик гуфтааст, ки мақомоти амнияти Исроил дастур додаанд, ки бори комюҳоро холӣ кунанд ва дубора бор кунанд ва бо ин сабаб вақти зиёдеро гирифта ва сабаби нарасидани кумакҳои башардӯстона шудаанд.

Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки шароити эҷодкардаи амниятии Исроил монеаи ҷиддӣ барои расондани кумакҳои башардӯстона дар Навори Ғазза аст. Ин созмон эълон кардааст, ки дар чанд рӯз фақат даҳ камаз кумакҳои башардӯстона иҷозати ворид шудан ба Навори Ғаззаро ёфтаанд ва ин дар ҳолест, ки дар замони оташбаси гузашта беш аз 600 камаз кумакҳои башардӯстона вориди ин минтақа мешуд. Ин созмон мегӯяд, ки аҳолии 2, 1 миллион нафарии Ғазза ба маводи ниёзи аввалия, ғизо ва дору сахт ниёз доранд.

Дар пайи амалҳои худсаронаи Исроил кишвари Британия эълон кард, ки муоҳидаи тиҷорати озод бо ин кишварро бекор намуда, як қатор таҳримҳои шадидро бар зидди шаҳракнишинони яҳудӣ дар Каронаи Бохтарӣ ҷорӣ хоҳад кард. Ин иқдом пас аз изҳороти муштараки Британия, Фаронса ва Канада ба шеваи амалкарди Исроил дар Ғазза ва Каронаи Бохтарӣ гирифта шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.