27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
23.05.2025 15:37

Амрико бори аввал “депортатсия”-и худхостаи муҳоҷиронро амалӣ кард

Бори нахуст мақомоти амрикоӣ барномаи бозгашти ихтиёрии муҳоҷирони ғайриқонуниро, ки бо номи “худдепортатсия” маъмул аст, амалӣ намуданд. Нахустин парвози ҳавопаймои чартерӣ бо 64 муҳоҷир аз Хюстони Амрико ба Гондурас ва Колумбия парвоз кард. Дар ин бора мақомоти амнияти дохилии Амрико хабар доданд.

Тибқи иттилоъ, ба ҳар як муҳоҷири ихроҷшуда билети парвози ройгон, пардохти маблағи якдафъина дар ҳаҷми 1000 доллар дода шуд. Илова бар ин, ба онҳо дар бораи бозгашти дубора бо роҳи қонунӣ ба Амрико ваъда дода шудааст.

Гондурас ба 38 нафар муҳоҷири ихроҷшуда 100 долларӣ ва хӯрока дода, ваъда дод, ки онҳоро бо ҷойи кор таъмин хоҳад кард. 26 муҳоҷири дигаре, ки ба Колумбия фиристода шуданд, аз мақомоти ин кишвар кумакҳои иҷтимоӣ дарёфт кардаанд.

Бар асоси иттилои расонаҳо тақрибан нисфи онҳое, ки аз Амрико ба Гондурас ихроҷ мешаванд, кудакон буда, дар Амрико таваллуд шудаанд ва шаҳрвандии ин кишварро доранд.

Ҳукумати Доналд Трамп бар асоси сиёсати нави муҳоҷират барномаи ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Амрикоро амалӣ мекунад. Мақомоти амрикоӣ дар доираи ин барнома ҳазорон нафарро аз хоки Амрико ба кишварҳояшон ихроҷ кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.