27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
23.05.2025 15:23

Бонки исломии рушд ба сармоягузорӣ дар Роғун таваҷҷуҳ зоҳир кард

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҷаласаи солонаи Бонки исломии рушд, ки рӯзҳои 22-юм ва 23-юми май багузор мешавад, ба Алҷазоир сафар кард. Завқӣ Завқизода дар ҷараёни сафари кории худ бо президенти Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон ал- Ҷасир мулоқот намуда, масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард.

Дар ҷараёни мулоқот ду тараф вазъияти ҳозира ва дурнамои ояндаи амалишавии созишномаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо президенти Бонки исломии рушдро баррасӣ карданд.  Дар ин мулоқот ба самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла сармоягузорӣ дар сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

“Аз оғози ҳамкорӣ бо Бонки исломии рушд ба Тоҷикистон беш аз 916 миллион доллари амрикоӣ ҷалб шудааст. Аз ин миқдор 550 миллион доллар барои пуштибонӣ аз бунёди неругоҳи барқи обии Роғун ихтисос дода шудааст. 150 миллион доллари онро мустақиман Бонки осиёии рушд ва 400 миллион доллари дигарро Сандуқи арабии рушд ба кумаки ин бонк пардохт кардаанд”- афзуд Завқизода Завқӣ.

Президенти Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷасир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карда, афзуд, ки бонки мазкур омода аст барои рушди босуботи иқтисоди Тоҷикистон ба лоиҳаҳои нав сармоягузорӣ кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.