Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Хоманаӣ: “Гумон намекунам, ки музокира ба натиҷа бирасад. Намедонам чӣ хоҳад шуд”
Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар тозатарин изҳори назар, дар остонаи даври панҷуми музокироти Эрон бо Амрико гуфт, шубҳа дорад, ки ин музокира ба натиҷа бирасад.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи 20-уми май дар маросими ёдбуди Оятуллоҳ Раисӣ, президенти пешини Эрон дар вокуниши тунд ба пешниҳоди Амрико дар хусуси комилан қатъ кардани ғанисозӣ дар дохили хоки Эрон гуфт: “Ин ки бигӯянд, мо ба Эрон иҷозаи ғанисозӣ намедиҳем ғалати зиёде аст. Касе интизори иҷозаи ину он нест”.
Роҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон бо зикри ин ки лозим аст ба Амрико як “тазаккур” диҳад, афзуд: “Тарафи амрикоие, ки дар ин музокироти ғайримустақим вориди суҳбат мешаванд, кӯшиш кунанд ёвагӯӣ накунанд”.
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ишора кард, ки дар замони Иброҳим Раисӣ низ музокираи “ғайримустақим” вуҷуд дошт, вале бидуни натиҷа ва ҳоло “ҳам гумон намекунам ба натиҷа бирасад. Намедонам чӣ хоҳад шуд”.
Чанде қабл Стив Уиткофф музокиракунандаи аршади Амрико дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки ба Эрон иҷозаи ғанисозии уранро нахоҳем дод. Ӯ таъкид кард, ки яке аз мушкилоти асосии созишномаи Обама бо мақомоти Эрон иҷоза додан ба фаъолиятҳои ғанисозии уран буд.
Ин изҳори назар дар ҳоле садо медиҳад, ки Эрон ва Амрико худро барои даври панҷуми музокира омода мекунанд. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ гуфт, ки ҳанӯз тасмими қатъӣ дар бораи даври панҷуми музокира бо Амрико сурат нагирифта, вале ҷонибҳо дар ҳоли барномарезӣ ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”