Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Сарвазири Британия Бенямин Нетаняҳуро ба таҳримҳои шадид таҳдид кард
Кир Стармер, сарвазири Британияи Кабир дар як изҳороти бесобиқа буҳрони шадиди башарӣ дар Навори Ғаззаро “ғайриқобили таҳаммул” хонда, ба сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ҳушдор дод, ки аз фикри ишғоли комили ин минтақа даст бардорад.
Шаби гузашта, 19 – уми май Кир Стармер, сарвазири Британия, Эммануил Макрон, президенти Фаронса ва Марка Карни, сарвазири Канада дар як изҳороти муштарак амалиёти низомии Исроил дар минтақаи Ғаззаро маҳкум намуда, ҳушдор доданд, ки агар ин амалиёт ва ишғоли минтақа боз дошта нашавад, чораҳои дигар хоҳанд дид. Онҳо Исроилро таҳдид карданд, ки аз ҷорӣ кардани чораҳои иловагӣ, аз ҷумла “таҳримҳои мақсаднок” худдорӣ намекунанд.
“Мо қабул намекунем, ки ҳукумати Нетаняҳу чунин иқдомҳои ғайриқобили қабулро идома диҳад. Агар Исроил амалиёти низомии навро қатъ накунад, маҳдудиятҳои ирсоли кумакҳои башардӯстонаро лағв накунад, чораҳои иловагӣ меандешем. Исроил бояд шаҳраксозӣ барои яҳудиёнро, ки ғайриқонунӣ буда, амнияти исроилиҳо ва фаластиниҳоро зери хатар мегузорад, фавран қатъ кунад” – таъкид намуданд роҳбарони Британия, Фаронса ва Канада.
Кир Стармер иҷозаи Исроил дар хусуси ворид шудани як қисми ками кумакҳои ғизоӣ ба Навори Ғаззаро “нокофӣ” хонда, афзуд, ки буҳрони башарӣ дар ин минтақа “ғайриқобили таҳаммул” аст.
Дар изҳороти муштарак роҳбарони Британия, Фаронса ва Канада ҳамчунин, афзуданд: “Монеа эҷод кардани ҳукумати Исроил дар роҳи ироаи кумакҳои башардӯстонаи зарурӣ ба ғайринизомиён ғайриқобили қабул буда, хатари нақзи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалиро дар пай дорад”.
Вазорати хориҷаи Британияи Кабир дар пайи шиддат гирифтани ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза эълон кард, ки дар моҳҳои оянда Британия ва Фаронса кишвари Фаластинро ба расмият хоҳанд шинохт.
Талошҳои кишварҳои ҳомии оташбас барои барқарор кардани сулҳ дар Фаластин бе натиҷа анҷом меёбад. Гурӯҳи Ҳамос, ки гаравгонҳои Исроилро дар ихтиёр дорад, иддао мекунад, ки Исроил барои ҷанг омода нест ва замонат намедиҳад. Дар айни ҳол, Исроил бо пешниҳоди қотеъ талаб дорад, ки Ҳамос силоҳашро ба замин гузошта, минтақаи Ғаззаро комилан тарк кунад. Ҳамос ин пешниҳоди Исроилро рад карда, афзудааст, ки ҳеч вақт силоҳашро ба замин нахоҳад гузошт.
Исроил ба баҳонаи фишор ба гурӯҳи Ҳамос чораҳои шадидро дар робита ба ворид шудани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза амалӣ кардааст, ки он боиси норасоии шадиди ғизо дар ин минтақа шудааст. Созмонҳои кумакрасони байналмилалӣ мегӯянд, ки нарасидани кумакҳои башардӯстона Навори Ғаззаро ба буҳрони норасоии ғизо, об ва дигар маводҳои аввалияи зиндагӣ дучор кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”