27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:53, Душанбе
23.05.2025 11:21

Расман: Лука Модрич пас аз 13 сол “Реал Мадрид”-ро тарк мекунад

Лука Модрич, яке аз таърихсозони футбол, нимҳимоятгари бошгоҳи “Реал Мадрид” пас аз 13-соли фаъолияти пурсамар дар дастаи шоҳона эълон кард, ки ин тобистона баробари ба охир расидани шартномааш бошгоҳро тарк мекунад.

“Замоне расид, ки аз расиданаш метарсидам, аммо ҳар оғоз анҷом дорад ва анҷоми кори ман дар беҳтарин дастаи дунё - “Реал Мадрид” фаро расид. Ман дар ҳайати ин даста ҳама ҷоизаҳоро ба даст овардам, аммо пеш аз ҳама инсониятро шинохтам ва худамро тағйир додам. Рӯзи 24-уми май охирин бозиамро дар майдони хонагӣ “Сантяго Бернабеу” баргузор мекунам”, - навиштааст Лука Модрич.

Варзишгари 39-солаи хорватӣ доир ба корномаи баъдиаш чизе нагуфтааст. Ӯ ишораи аз футбол рафтану қатъи корномаашро накардааст ва ҳамчунин, то ҳол аз ҳеч дастае пешниҳоди ҳамкорӣ нагирифтааст.

Гуфта мешавад, ки Лука Модрич дар Чемпионати бошгоҳҳо, ки аз нимаи моҳи июн то нимаи моҳи июл дар Амрико баргузор мегардад, иштирок мекунад.

Дар пасманзари номаи Модрич ҳамдастаҳои ҳозираву собиқаш аз ӯ миннатдорӣ карда, дар корҳои минбаъдааш бурдбориҳо хостаанд.

Футболбози 39-солаи хорватӣ соли 2012 ба дастаи шоҳона пайваста, 590 бозӣ анҷом додааст. Давоми ин солҳо ҳама ҷоизаҳои арзишмандро ба даст овардааст. Аз ҷумла, 6 Лигаи қаҳрамонҳо, 6 Чемпионати бошгоҳҳо, 5 Суперҷоми Аврупо, 4 Ла Лига, 2 Ҷоми шоҳ ва 5 Суперҷоми Испанияро ба даст овардааст.

Лука Модрич ҷоизаҳои инфиродӣ низ хеле зиёд ба даст оврадааст, ки аз ҳама муҳиму арзишмандаш “Туби Тиллоӣ” дар соли 2018 аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.