Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Қарзи хориҷии Тоҷикистон то моҳи апрел ба беш аз 3 миллиард долар расидааст
Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми апрели соли 2025 ба 3 миллиарду 101 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87 миллион доллар ё 2,7% камтар аст.
Дар ин хусус Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки қисми асоси қарзҳоро қарзҳои давлатӣ - 95,6% ташкил медиҳанд. Қисми дигари қарзҳо 4,4 % ба уҳдадориҳое рост меояд, ки бо кафолати ҳукумат таъмин шудаанд.
Чин аз ҳама бештар ба Тоҷикистон қарз додааст ва дар листи аввали кишварҳои қарздиҳандаи хориҷӣ қарор дорад. Ҳаҷми умумии қарзи Тоҷикистон аз Чин 1 миллиард долларро ташкил медиҳад
Тоҷикистон ҳамчунин, аз як қатор ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди осиё, Бонки рушди исломӣ ва Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд қарздор аст.
Қисми дигари қарзҳои Тоҷикистонро ёвробонкҳо дар ҳаҷми 500 миллион доллар, ки барои бунёди Роғун дар соли 2017 дарёфт шуда буд, ташкил медиҳанд.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки барои пардохт ва хизматрасониҳои қарзҳои хориҷӣ аз буҷети давлатӣ дар соли 2025 дар ҳаҷми 385 миллион доллар маблағ пешбинӣ шудааст. Аз ин миқдор 3 миллиард сомонӣ барои пардохти қарзҳои асосӣ ва 1 миллиард сомонӣ барои пардохти фоизҳо дар назар гирифта шудааст.
Инчунин, корхонаҳои давлатие, ки бо кафолати ҳукумат қарз гирифтаанд, вазифа доранд, ки тақрибан 1,4 миллиард (тақрибан 135 миллион доллар)-и изофӣ пардохт намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”