27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
22.05.2025 14:21

Аббос Ироқчӣ: Ҳич кас ҷуръати ҳамла ба Эронро надорад

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба хабари таҳдидҳои Исроил барои ҳамла ба Эрон гуфт, ки “ҳич кас ҷуръати ҳамла ба Эронро надорад”, ҳама аз тавоноии дифоии он хабар доранд ва “забони таҳдид дар баробари Эрон короӣ” надорад.

Аббос Ироқчӣ ғанисозии уранро “масъалаи бунёдӣ” барои Ҷумҳурии Исломии Эрон дониста, афзуд, ки ихтилофҳои асосӣ дар ин хусус бо Амрико ҳанӯз боқӣ мондаанд.

Вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио рӯзи чоршанбе гуфта буд, ки танҳо созиши қобили қабул тафоҳумест, ки ба қатъи комили ғанисозии уран дар Эрон боис шавад: “Мо бовар дорем, ки Эрон набояд иҷозаи ғанисозии уран дошта бошад. Агар битавонанд ғанисозӣ кунанд, метавонанд онро ба силоҳ табдил диҳанд ва ин барои мо ғайриқобили қабул аст”.

Баъди вокуниши тунди мақомоти Эрон дар хусуси қатъ намудани ғанисозии уран расонаҳои амрикоӣ аз қавли манобеи худ дар ҳукумати Амрико навиштанд, ки Исроил барои ҳамла ба муассисаҳои атомии Эрон омода мешавад. Як сарчашма аз дохили ҳукумати Эрон ба расонаҳои амрикоӣ гуфт, ки “эҳтимоли ҳамлаи Исроил ба муассисаҳои атомии Эрон дар моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст”.

Бо вуҷуди ихтилофи назарҳо рӯзи гузашта Вазорати корҳои хориҷаи Уммон хабар дод, ки музокироти даври чоруми Эрон ва Амрико ҳафтаи оянда рӯзи ҷумъа дар шаҳри Руми Италия баргузор хоҳад шуд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.