Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Озорбойҷон хостори густариши ҳамкориҳои нақлиётӣ бо Осиё шуд
Таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Озорбойҷон ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт бештар мешавад ва ин масъаларо на фақат ҳамчун як имконият, балки зарурат медонад.
Озар Алиев, муовини сардори шуъбаи сиёсати нақлиётии Вазорати рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озорбойҷон зимни суханронӣ дар нишасти Машваратии эътимодсозӣ дар Осиё (СВМДА) аз нияти қатъии Боку барои густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои узви ин иқдом хабар дод.
“Нақлиёт ва логистика на фақат бахшҳое ҳастанд, ки ҳамкории муштарак дар онҳо судманд аст, балки ин як ниёзи ҳаётӣ барои рушди устувори минтақа мебошад”, – таъкид кард Озар Алиев.
Дар соли ҷорӣ Ҷумҳурии Озарбойҷон раёсати СВМДА-ро бар уҳда хоҳад дошт. Ин як минбари байналмилалии бисёрҷониба аст, ки беш аз 20 кишвари Осиёро барои таҳкими эътимод ва ҳамкорӣ муттаҳид мекунад. Дар вазъияти афзоиши нооромӣ дар ҷаҳон, Ҷумҳурии Озарбойҷон рушди зерсохтҳо ва роҳҳои логистикиро омили субот ва пешравии минтақа медонад.
Бар асоси гуфтаи Озар Алиев ҳарф фақат дар хусуси бунёди роҳҳо ва хатарҳои роҳи оҳан нест, балки дар бораи таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ меравад: аз ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, то амалӣ кардани меъёрҳои рақамии ягона.
“Мо омода ҳастем, ки бо ҳамаи кишварҳои узви СВМДА ва ҷонибҳои манфиатдор барои бунёди як минтақаи иртиботӣ ва устувор ҳамкорӣ кунем”,- гуфт Озар Алиев.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ташаббусҳои Озарбойҷон метавонад ба ташаккули манзараи нави логистикии Осиё кӯмак кунад, ки дар он самаранокии ҷараёнҳои нақлиётӣ калиди рушди иқтисодӣ хоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”