Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
«Тоттенҳэм» Лигаи Аврупо шуд
Шоми гузашта дар давраи ниҳоии Лигаи Аврупо бошгоҳҳои англисии “Тоттенҳэм” ва “Манчестер Юнайтед” вориди майдон шуда, қаҳрамони имсоларо майян карданд.
Тавре ки бисёриҳо интизор буданд, ки финали Лигаи Аврупо шавқовар ва сергол мешавад, вале чунин нашуд, балки дар дидори мазкур дастаи «Тоттенҳэм» бо ҳисоби 1 бар 0 бошгоҳи “Манчестер Юнайтед”-ро шикаст дода, қаҳрамони имсолаи Лигаи Аврупо шуд.
Агарчи дар бозии дишаба бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” дар ҳама ҳолат, аз ҷумла, идораи тӯб, зарбаҳо ба дарвоза пешсаф буд, вале муваффақ нашуд. Голи ягонаи дидорро футболбози “Тоттенҳэм” Бреннан Ҷонсон дар дақиқаи 42-юм ба дарвозаи “Манчестер Юнайтед” расонд.
Гуфта мешавад, ки дастаи «Тоттенҳэм» пас аз 17 сол соҳиби ҷоизаи мазкур гардид.
Ҳамчунин, бошгоҳи «Тоттенҳэм» бо қаҳрамон шудан дар Лигаи Аврупо имкон пайдо кард, ки дар мавсими оянда иштирокчии Лигаи Чемпионҳо шавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад