27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
22.05.2025 09:35

Садамаи мудҳиш: 6 ҳалокшудаву 5 захмӣ аз ноҳия Қубодиён

Дар натиҷаи як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар шоҳроҳи Алмаато-Екатеринбург 6 кас ба ҳалокат расида, 5 каси дигар ҷароҳат бардоштанд, ки ҳамаашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Гуфта мешавад, ки 20-уми майи тақрибан соати 07:09 дақиқа дар роҳи мошингарди ҷумҳуриявии “Алмаато-Екатеринбург” наздикии нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии “Кайрак”-и ноҳияи Карабалики Ҷумҳурии Қазоқистон микроавтобуси тамғаи «Ford» ба як мошини боркаш бархӯрда, 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 5 нафар, аз ҷумла ронандаи мошин бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони марказии ноҳияи Карабалик интиқол дода шуданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон рӯйхати шахсони фавтида ва захмиро нашр кардааст, ки ҳамаашон сокинони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҳастанд:

1. Каримов Аҳтам Мамашоевич соли таваллуд 05.08.1989;

2. Боқиев Назрулло Раҳматович соли таваллуд 10.10.2001;

3. Боқиева Бахтигул Юсуфовна соли таваллуд 13.06.1985;

4. Салиҳов Юсуф Рӯзиевич соли таваллуд 18.02.1958;

5. Солиҳзода Фаёзиднин Шарофиддин соли таваллуд 01.11.1990;

6. Аминзода Маҳмадюнуси Сафол соли таваллуд 12.04.1992.

Захмиён:

1. Ронанда Шарипов Сайвали Шералиевич – 50-сола;

2. Каримзода Аминчон Собирчон – 25-сола;

3. Каримов Халимҷон Собирҷонович – 37-сола;

4. Боқиева Шаҳринисо Хайруллоевна – 22-сола;

5. Шарипов Сайалӣ Мирзовалиевич – 37-сола.

Dialog.tj 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.