Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Парвандаи ҷиноӣ зидди нафаре, ки ба хоки қабристон дӯо мехонд
Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак аз боз намудани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Раҳматов Сафарбек Тошович, сокини шаҳри Норак хабар медиҳад, ки бо амалҳои хурофотӣ, аз ҷумла додани кӯрхату чашмбанд, чилбанду тӯмор, таштобу оби қайтарма, риштаи сардарду миёндард ва кушоиши кор машғул буд.
Манбаъ меафзояд, ки дастгиршуда ба хоки қабристон дуо хонда, ба муштариёнаш мегуфтааст, ки сабаби давои дарду кушоиши корашон мешавад.
“Ҳарчанд, қаблан санаи 21.02.2025 аз тарафи кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак нисбаташ бо моддаи 482 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ оғоз гардидаву ҷаримабандӣ карда шуда бошад ҳам, новобаста аз таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ ва андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ин нафари мардумфиреб дидаву дониста даст ба як қатор амалҳои хурофотӣ задааст”, - қайд шудааст дар хабарнома.
Кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак дар баробари Сафарбек Раҳматов, боз 18 зани дигарро дастгир кардаанд, ки зимни санҷиш дар назди ӯ ҳузур доштанд.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба Сафарбек Раҳматов тибқи талаботи моддаи 240 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”