Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Вохӯрии раиси Кумитаи кор бо занон бо зарардидагони заминларза
Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, ки аз заминларза зарардидаанд, вохӯрӣ кард.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дирӯз, 20-уми май раиси кумита ба оилаҳои зарардидаи ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод ва ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт вохӯриву суҳбат намуд. Аз ҷумла, зимни вохӯрӣ ба оилаҳои зарардидаи ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод, раиси кумита иброз дошт, ки бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва расонидани ҳама гуна кумакҳои саривақтӣ таҳти назорати қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ҳамчунин, аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои зарардида аз заминларза кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”