Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Барномаи мобилии “Забондон” таҳия ва муаррифӣ гардид
Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” замимаи мобилии “Забондон”-ро, ки барои осону қулай омӯхтани забони англисӣ пешбинӣ шудааст, дар арафаи Рӯзи ҷавонон таҳия кард.
Гуфта мешавад, ки замимаи мобилии “Забондон” бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2022, №1337 дар бораи омӯзиш ва азёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ роҳандозӣ гардидааст.
“Барномаи мобилии “Забондон” барои омӯзиши забони англисӣ шароити муосир ва интерактивӣ фароҳам оварда, бо интерфейси тоҷикӣ пешниҳод шудааст, ки яке аз навовариҳои муҳим дар соҳаи таълими забонҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад. Ин барнома барои истифодабарандагон имконият медиҳад, ки тавассути дастгоҳҳои мобилии худ забони англисиро ба таври мустақил ва бо усулҳои интерактивӣ омӯзанд”, - қайд мегардад дар хабарнома.
Манбаъ меафзояд, ки ҳадаф аз пешниҳоди барномаи мазкур осон ва самаранок кардани раванди омӯзиши забони англисӣ мебошад. Барнома бо истифода аз технологияҳои муосир имконият медиҳад, ки истифодабарандагон малакаҳои забондонии худро тақвият бахшанд.
Зикр мегардад, ки ҳоло барнома дар Play Market ҷойгир карда шудааст ва Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ният дорад, ки онро дар App Store ҳам дастрас кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”