27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
Соҳибёр Толиб: “Як дарсад тавоноӣ нишон додам”
Охири ҳафтаи гузашта нахустнамоиши филми “Хоби сурх” дар Кинотеатри “Ватан” доир гардид. Он порае аз рӯзгори пирамардеро нишон медиҳад, ки пас аз рухсатӣ шудан аз беморхонаи рӯҳӣ бо фикри барқарор кардани Иттиҳоди Шӯравӣ мезияд ва бо фарзандонаш доир ба вазъи замону муҳит созиш карда наметавонад...
Муаллифи Dialog.tj пас аз тамошои филм бо муаллиф ва коргардони он Соҳибёр Толиб ҳамсуҳбат шуд, ки фишурдааш манзури хонандагон мегардад.
“ХОБИ СУРХ”
- Идеяи филми “Хоби сурх” кай ва чӣ гуна пайдо шуд?
- Дақиқ намедонам, ки идеяи достон дар зеҳни ман кай шакл гирифт, аммо тасмим доштам як филми мустанаде созам, ки мавзуяш бо ёду ҳуши шӯравӣ зистани бархеҳо бошад. Мехостам ин мавзуъ тарҳу ҷамъ шавад ва тарафҳо ҳарфи дилашонро бигӯянд. Вале ин корро ба фардо гузошта, фаромӯш кардам.
Сипас, филмномае аз рӯзгори муҳоҷиронро омода карда, ба “Тоҷикфилм” омадам. Филмро қабул карданд, аммо аз сабабе, ки ҳазинаи зиёд лозим буд, маслиҳат доданд, ки аризаи дигар пешниҳод намоям. Ҳамин тавр, достони “Девона” навишта шуд, баъдан мо онро “Хоби сурх” ном гузоштем. Аз пизишкони бемористони рӯҳӣ хабар ёфтам, ки достони филм ба ҳодисаи воқеӣ монанд аст, аммо он вақт мавзӯи шуравиву истиқлол набуд. Пасон, дар шӯрои бадеӣ баҳс шуд, ки чаро дар масъалаи соҳибистиқлолии кишвар филм сохта наметавонем. Истиқлол мавзӯи дили ман аст, бидуни замонасозӣ. Ба хулосае омадам, ки аз он қаҳрамон пайрави Ленин ва Маркс сохта, тарзи фикрронии ӯро ба андешаи имрӯз зид гузорем. Фикр мекунам, ки ин мавзуъ барои ҷомеаи мо хеле муҳим аст, зеро касоне, ки бо ёду ҳуши шӯравӣ мезиянд, то имрӯз дар институтҳои афкорсозӣ кор мекунанд. Филми ман онҳоро нигарон мекунад.
- Филми мазкур дар чанд муддат омода шуд?
- Филмнома як сол баҳс шуд. Ба ҷуз машваратҳои хурд, 8 ҷаласа доир шуда, баррасӣ гардид. Бештар аз бист рӯз сабт кардем. Ва боз як соли дигар танзиму садогузориву рангпардозӣ ва баҳс шуд. Яъне зиёда аз ду сол вақтамонро ба ин филм бахшидем.
- Дар филм дидем, ки қаҳрамони асосӣ бисёр вақт бо забони русӣ гап мезанад, чаро филмро пурра бо забони тоҷикӣ накардед?
- То имрӯз мо шахсиятҳое дорем, ки бо забони русӣ ҳарф мезананд ва забони худро намедонанд. Қаҳрамони филми мо ҳам забонгумкарда аст.
- Қаҳрамони филм се писар дорад, аз миёни онҳо аз ҳама зиёд фарзанди якум бо ӯ меҳрубон аст. Чаро дар баробари ин меҳрубониҳо дар охир падараш набераашро мекушад, оё подоши некӣ бадӣ шуд?
- Аз тафсир худдорӣ мекунам, балки мехоҳам бинанда қазоват кунад.
- Тақдири писари дуюм чӣ шуд, чаро он ошкор нашуд?
- Агар фарзияи аввали филмро нишон медодем, яъне дар аввал филм 150 дақиқа буд ва мо 70 дақиқаи онро буридем, сарнавишти писари дуввум равшан буд. Фикр мекунам, муаллиф ҳақ дорад, ки баъзе вақт ними рӯйи қаҳрамонро накушояд ва шинохти шахсиятро ба бинанда вогузор кунад.
- 70 дақиқаи филмро буридед, ки албатта аз натиҷааш мо бохабар шудем, агар намебуридед, чӣ мешуд?
- Агар намебуридем, бинандагон ба ҳама саволҳои худ ҷавоб меёфтанд, вале хеле дилгиркунанда буд. Аз он саҳнаҳое, ки буридем, ҳамагӣ барои чандтоаш дилам месӯзад, ки эҳтиёткорона аз баҳрашон гузаштем.
- Чаро дар мо бисёр вақт ҳазинаи филмро пинҳон мекунанд?
- Пеш аз ҳама дақиқ аст, ки ҳазинаи филмҳои мо каманд. Ҳазинаи филм ошкор бошад ва мардум бидонанд, ки чӣ қадар пул сарф мегардад ва барои боз ҳам филми хуб гирифтан пули зиёд даркор. Ин хабар барои рутбабандӣ ва ҳадафҳои тиҷорӣ муҳим аст. Аммо дар шароити имрӯз аз он ҷиҳат шартан розиам пинҳон бимонад, ки бархе студияҳои хориҷӣ барои филмбардорӣ меоянд ва коргарҳои маҳаллиро ба кор мегиранд. Агар аз ҳазинаи филмҳои мо огаҳ шаванд, албатта, муздро кам мекунанд, ки барои мо хуб нест. Вале ин роҳи ҳалли мушкил нест. Бояд мо роҳашро ёбем ва ҳазинаи филмҳоро баланд бардорем, то сатҳи фими тоҷик баланд равад. Маслан дар доираи ҳазинаи филми “Хоби сурх” ман як дарсади тавоноии худро нишон дода тавонистам. Азбаски ин филми нахустини достониам буд, мавзӯи ҳазина баҳсбарангез нест. Дар оянда ба ман ҳазинаи беҳтар ваъда шудааст.
- Ҳунармандон хеле хуб нашқашонро иҷро карданд, чӣ гуна онҳоро интихоб кардед?
- Албатта, дар интихоби бархеҳо дудила будам, вале дар охир ба ҳамин хулоса расидам.
- Оё “Хоби сурх” ба ҷашнвораҳо фиристода шуд?
- Мудирияти “Тоҷикфилм” тасмим доранд, ки ба ҷашнвораҳо онро фиристанд. Достони филм ба ҷашнвораҳо мувофиқ аст, агар доварон аз нуқсҳои фаннии он чашм пӯшанд. Дар ҳар сурат бояд филмҳои мо ба муҳимтарин ҷашнвораҳо ирсол шаванд, новобаста ба он ки пазируфта мешаванд, ё не. Ман филмро барои ҷомеаи Тоҷикистон сохтам. Агар имрӯз дар телевизион ва Ютуб намоиш диҳанд, ҳеҷ эътирозе надорам. Ҷашнвораҳо муҳиманд, вале таъсири филмро ба ҷомеаи Тоҷикистон муҳимтар меҳисобам.
- Кай дар кинотеатрҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар ба намоиш гузошта мешавад?
- Дар ояндаи наздик.
АЗ РӮЗНОМАНИГОРӢ БА СИНАМО
- Солҳои зиёд рӯзноманигор кор кардед, сабаби пурра ба синамо омаданатон чист?
- Аслан, ман дар наврасӣ барои интихоби оянда ба як хулоса омада наметавонистам. Гоҳе мехостам рӯзноманигор бошам, гоҳи дигар филмсоз ва боз мехостам нависанда бошам. Ҳудуди 15 сол дар радиову телевизион ва газетаҳо кор кардам. Чун ҳамон орзуи филмсозии кӯдакӣ боз падид омад, ба ин самт омадам. Аз ҳамин ҷиҳат фикр мекунам, дар кӯдакон ҳадафмандиро омӯзем, то аз орзуи худ даст накашанд.
- Синамо барои шумо душвор нест?
- Рӯзноманигорон, шоирон, нависандагон хеле хушбахтанд, ки ҳамарӯза коре мекунанд ва маҳсуле эҷод менамоянд, аммо синамогарӣ кори дастаҷамъист, барои сарбаландӣ, пеши чанд кас сар хам мекунӣ. Ин суханам аз дирӯз такрор шуд.
- Дар Донишкадаи синамо ва телевизиони Санкт-Петербург низ таҳсил кардед. Оё барои синамогар шудан таҳсилоти олӣ бисёр ҳатмист?
- Ҳатмӣ нест, аммо синамогар китобхонаи тахассусии худро дошта бошад. Ҳамчунин, аз давраҳои омӯзишӣ ва роҳнамоии устодон гузарад. Аммо дар мактаби олӣ осон аст.
- Дар мавриди тавлиди филми “Талош” дар мусоҳибае чунин гуфтаед: “Дар Душанбе иҷоранишин будам. Се моҳ барои иҷора напардохтам, як миқдор пул ҷаъм овардам, ки ба баъзе хароҷот ва як рӯзи филмбардорӣ расид. Рӯзи дуввум мо пул надоштем, аммо инро аз гурӯҳ пинҳон доштам. Ошхонаи Кумитаи телевизион ва радио ба гурӯҳ ғизои нася дод. Хонаро барои филмбардорӣ ҳамон рӯз пайдо кардем. Кори мо монанд, ба сабти гузориши телевизионӣ буд, боз ҳам филми синамоӣ тавлид шуд”. Оё ин дуруст аст?
- Воқеан ҳамин гуна буд, аммо хушбахтона маро аз иҷора наронданд, зеро дӯстам Беҳзоди Исомиддин филмро сарпарастӣ кард.
- Шумо соли 2020 филми “Қаландар”-ро сохтед, аммо то ҳол дастраси тамошобинон нашудааст, чаро?
- “Қаландар” филми кӯтоҳи мустанад аст ва ду фасли соли қаҳрамонро нишон медиҳад, 15 дақиқа аст ва фикр мекунам, ки онро кай расонаӣ кунам. Имрӯз кори худро дар сатҳи дигар дидан мехоҳам.
- Ташаккур барои суҳбат.
- Саломат бошед.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
