Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар Ӯзбекистон дар 1 ҳафта ба маблағи 2, 9 миллион доллар барқ ва газро дӯздидаанд
Дар Ӯзбекистон мақомот дар як ҳафтаи ахир 92 ҳолати дуздии барқу газ дар ҳаҷми 38 миллиард сӯми ӯзбекиро, ки баробар ба 2, 9 миллион доллари амрикоӣ мешавад, ошкор кардаанд.
Бар асоси иттилои ниҳоди Инспексияи давлатии энергетикии Ӯзбекистон дар ин муддат 1, 8 миллион метри мукааби гази табиӣ ғайриқонунӣ истифода шудааст ва ба давлат ба маблағи 420 ҳазор доллар зарар ворид шудааст. Ҳамчунин, сокиноне, ки худсарона ба шабакаи барқ пайваст шудаанд, ба давлат дар ҳаҷми бузургтар – ба маблағи 2, 5 миллион доллар зарар ворид кардаанд.
Тибқи ҳолатҳои ошкоршуда 126 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Барои тафтишоти ҷузъиёти ҳолатҳои ошкоршуда санадҳои тартиб дода шуда, ба мавоқоти ҳифзи ҳуқуқ фирисода шудаанд.
Тибқи маълумоти дастрас, соли гузашта сокинони Ӯзбекистон дар натиҷаи истифодаи ғайриқонунии газу барқ ба давлат 108 миллилон доллар зарар расонидаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”