27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:08, Душанбе
20.05.2025 10:40

Гурез аз фаҳшо. Трамп қонунеро имзо кард, ки тибқи он нашри порнографияи дипфейкҳо ҷиноят ҳисобида мешавад

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп қонунеро имзо кард, ки тибқи он нашри акс ва видеоҳои ошкорои ҷинсӣ (порнографӣ)-и сохта ё воқеии бидуни розигии ашхоси дар он тасвиршуда ҷиноят шуморида шуда, манъ мешавад. Бар асоси ин қонун, нашри аксу навори порнографии дипфейк дар фазои интернет ҷиноят маҳсуб шуда, ҷавобгарии ҷиноӣ дар пай хоҳад дошт.

Ин нахустин қонунест, ки истеҳсоли аксу навори порнографӣ бо зеҳни сунъӣ дар Амрикоро ҷиноят мешуморад.

Тибқи ин қонун нашри муҳтвои порнографӣ бидуни иҷозати қаҳрамони он ҷиноят маҳсуб мешавад ва паҳнкунандагони он бо ҷазои ҷиноятӣ, аз ҷумла ҳабс, ҷарима ва пардохти зарари расонида шуда ба ҷабрдадагон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ин қонун, ҳамчунин, афроде, ки чунин видеаҳоро барои шантаж ва ё тарсонидану таҳдид истифода мекунанд, мавриди пайгарди қонунӣ қарор медиҳад.

Коммисияи федеролии тиҷорати Амрико бар асоси ин қонун сомонаҳои интернетиро вазифадор мекунад, ки баъди 48 соати шикояти ҷабрдидагон акс ва наворҳо онро ҳазф намоянд.

Ҳамсари президенти Амрико Милания Трамп, ки дар маросими имзои ин қунун дар Кохи сафед ҳузур дошт, аз хушунат ва озори занон ба воситаи истеҳсоли чунин аксу наворҳои порнографӣ интиқод карда гуфт, ки “шумори зиёди занон бо тасвирҳои дипфейк ва ошкорои ҷинсӣ, ки бе розигии онҳо истеҳсол ва паҳн шудаанд, мавриди озор ва азият қарор гирифтаанд. Ин озору азиятро аз имрӯз ғайриқонунӣ эълон мекунам”.

Ёдовар мешавем, ки ин қонун моҳи гузашта дар Маҷлиси намояндагон ва Сенати Амрико қабул шуд. Тибқи гуфтаи тарафдорони ин қонун, агарчи аксари иёлотҳо қонунҳои махсус барои манъи сабту нашри чунин аксу тасвирҳои сохтаро доранд, вале ин қонун аз рӯйи муайян намудани сатҳ ва мизони ҷиноят фарқ мекунад.

Дар ҷаҳон Кореияи Ҷанубӣ нахустин кишваре буд, ки нашри порнографияи дипфейкҳоро ҷиноят ҳисоб кард. Бар асоси қонун дар Кореяи Ҷанубӣ онҳое, ки ба сохтан ва нашри дипфейкҳои порнографӣ даст мезананд, ба 5 сол зиндон ва пардохти ҷаримаҳои ҳангуфт вазифадор мешаванд.

Dialog.tj 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.