Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Ҳаҷвнигори машҳур Нурлан Сабуровро дастгир ва ҷарима карданд
Ҳаҷвнигори шинохтаи қазоқ, ки солҳои охир дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунад, дар фурудгоҳи Шереметево боздошт шудааст.
Аз матлаби расонаҳои гуногуни русӣ ва наворҳои кӯтоҳи шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, ки Нурлан Сабуров дастгир ва ҷарима шуда, эҳтимол дорад то панҷ сол аз ҳаққи вуруд ба Федератсияи Россия маҳрум карда шавад.
Нурлан Сабуровро дар ҳоли ҳозир бо он гумонбар мекунанд, ки қоидаҳои будубоши муҳоҷириро риоя накардааст ва ба маблағи 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима шудааст. Ҳамчунин, расонаҳо менависанд, ки ӯ бояд дар ду ҳафтаи оянда Россияро тарк кунад.
Ёдовар мешавем, ки Нурлан Сабуров аз ҷумлаи ҳаҷвнигори машҳури Қазоқистон ва Россия аст. Асосан, самти кори ӯ “стендап” аст ва дар саросари Россияву дигар давлатҳо барномаҳои консертӣ ташкил мекунад. Инчунин, Нурлан Сабуровро бисёриҳо ҳамчун ровии барномаи овозадори “Что было дальше?” мешиносанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”