27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:10, Душанбе
19.05.2025 12:40

“Ал-Арабия” аз дидорҳои мухолифони Толибон бо Сипоҳи посдорони Эрон хабар дод

Намояндагони Сипоҳи посдорони Эрон бо бархе роҳбарони ҷараёнҳои мухолифи Толибон, аз ҷумла Аҳмад Масъуд ва Атомуҳаммади Нур дидор кардаанд.

Хабаргузории “Ал-Арабия” бо такя ба манобеаш навишт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пайи афзоиши фишорҳои байналмилалӣ ва коҳиши нуфузи муттаҳидони Теҳрон дар минтақа машваратҳои густурдаеро бо мухолифони Толибон оғоз кардааст.

“Вазорати хориҷаи Эрон се чеҳраи саршиноси мухолифони афғон, аз ҷумла Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Аттомуҳаммади Нур, раиси пешини вилояти Балх ва Салоҳиддин Раббонӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Афғонистонро барои як сафари расмӣ ба Эрон даъват кардааст”- менависад хабаргузории “Ал-Арабия”.

Тибқи иттилои расонаи арабӣ, Аҳмад Масъуд аз Тоҷикистон вориди Теҳрон шуда бо мақомоти баландпояи Сипоҳи посдорон ва Вазорати хориҷи Эрон мулоқот анҷом додааст. Атомуҳаммади Нур дар ҳамин доира бо мақомоти баландпояи Эрон мулоқоти ҷудогона доштаааст. Салоҳиддин Раббонӣ ҳанӯз ба даъвати Эрон вокуниш нишон надодааст.

Манобеи афғонистонӣ ба ин расона гуфтаанд, Аҳмад Масъуд дар ҷараёни сафараш ба Машҳад бо шуморе аз афсарони пешини артиши Афғонистон, ки дар Эрон зиндагӣ мекунанд, мулоқот кардааст.

Аксҳои нашршуда дар саҳифаҳои иҷтимоии бархе аз тарафдорони Аҳмад Масъуд нишон медиҳад, ки ӯ дар шаҳри Машҳади Теҳрон қарор дорад.

Чанд моҳ қабл расонаҳо аз мулоқоти маҳрамонаи мақомоти Сипоҳи посдорони Эрон бо мухолифони Толибон, аз ҷумла Атомуҳаммади Нур, Муҳаммад Муҳаққиқ, Адурашид Дӯстум ва Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид дар Туркия хабар дода буданд.

Dialog.tj 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.