27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:50, Душанбе
19.05.2025 11:52

Масъуд Пизишкиён: Муваффақияти мо душманонро ноумед мекунад. Суханони Трамп зидду нақизанд

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки талоши душманон ворид кардани тафаккуру андешаи нотавонӣ ва ихтилофу тафриқа дар дохили Эрон аст, гуфт, муваффақият ва пешрафти мо дар заминаҳои мухталиф душманони кишварро ноумед ва маъюс мекунад.

Масъуд Пизишкиён дар маросими дуюмин солгарди новгуруҳи дарёии Эрон, ки суханронӣ мекард, афзуд: “Дар ҳавзаи низмоӣ ва дифоӣ ин нигоҳ, ки мо метавонем муваффақ шавем ва ниёзҳову таҷҳизоти низомии худро бидуни вобастагӣ ба дигарон таъмин кунем, бисёр ифтихоромез аст”.

Масъуд Пизишкиён бо ишора ба суханони ахири Доналд Трамп дар кишварҳои Халиҷи Форс афзуд, суханони Трамп бар зидди миллати Эронро ғайри худаш касе бовар намекунад. Ӯ аз як сӯ, аз сулҳу оромиш сухан мегӯяд ва аз сӯи дигар бо таҳдид аз пешрафтатарин абзорҳои куштори мардум мегӯяд ва бо суханони зидду нақиз ҳамзамон паёми сулҳ, куштор ва ноамнӣ медиҳад.

“Мо ба дунболи ҷанг нестем, аҳли музокираем ва гуфтугӯ мекунем, аммо аз таҳдид ҳам наметарсем ва ба ҳич унвон аз ҳуқуқи қонунии худ ақибнишинӣ нахоҳем кард”- таъкид кард Масъуд Пизишкиён.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идомаи суханонаш бо ишора ба сукути ҳомиёни ҳуқуқи башар дар баробари куштори 60 ҳазор инсони бедифоъ ва бегуноҳ ба воситаи Исроил ва бастани обу ғизо ба рӯи занон афзуд: “Онҳо чӣ гуна мехоҳанд бо ин ҷиноятҳои худ сулҳро барои башарият ба армуғон биоваранд? Бо наслкушӣ ва куштори бегуноҳон наметавон аз сулҳ ва ҳуқуқи башар сухан гуфт”.

Масъуд Пизишкиён бо ишора ба ҳукми Судии ГААГА дар мавриди маҳкумияти Бенямин Нетаняҳу гуфт, ки даъвогарони дуруғини ҳуқуқи башар ва демократия “мехоҳанд қазоват дар суди байналмилалӣ низ бо меъёрҳои худашон бошад”.

“Ҳар инсони озодае, ки ғайрат дошта бошад, дар муқобили ин навъ нигоҳ ва рафтор сар хам нахоҳад. Мо мусаммам ҳастем, ки кишварамонро ба қуллаҳое аз муваффақият ва пешрафт бирасонем, ки онҳо тасаввурашро ҳам наметавонанд бикунанд”, - таъкид кард Масъуд Пизишкиён.

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ин гуна нест, ки агар онҳо моро таҳдид кунанд, аз ҳуқуқи инсонӣ ва ҳаққи мусалами худ ақибнишинӣ мекунем.

“Онҳо донишмандон, руҳониён ва бузургони моро террор мекунанд, баъд моро муттаҳам мекунанд, ки террорист ҳастем. Мо қурбонии террор ҳастем. Мо аз назари онҳо боиси наомнӣ ҳастем, барои ин ки намехоҳем дар баробари зӯргӯиҳои онҳо сар хам кунем ва мегӯем, қодирем рӯйи пойи худамон биистем”- таъкид кард Масъуд Пизишкиён.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.