27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:14, Душанбе
19.05.2025 11:01

Трамп: Барои қатъи “ҳаммоми хун” ва ҷанги маргбор бо Путин ва Зеленский тамос мегирам

Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи шанбе, 17-уми май эълон кард, рӯзи душанбе, 19-уи май бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба хотири поён додани ҷанги маргбори Украина гуфтугӯи телефонӣ хоҳад дошт. Доналд Трамп афзуд, ки баъди гуфтугӯ бо Валидимир Путин бо президенти Украина ва шуморе аз роҳбарони кишварҳои узви НАТО низ гуфтугӯ хоҳад кард.

“Мавзуъҳое, ки дар ин тамос матраҳ хоҳад шуд, қатъ кардани “ҳаммоми хун”-е аст, ки ба таври миёна ҷони беш аз 5000 сарбози рус ва украиниро ҳар ҳафта мегирад”- таъкид кард Доналд Трамп.

Эълони тамоси телефонии Доналд Трамп бо Владимир Путин баъди аввалин музокироти мустақими Русия бо Украина баъд аз се сол сурат мегирад.

Доналд Трамп изҳори умедворӣ кард, ки “ин рӯз, рӯзи пурбор бошад, отшабас бақарор шавад ва ин ҷанги бисёр хушунатбор, ки ҳаргиз набояд оғоз мешуд, поён ёбад”.

Президенти Амрико гуфт, ки қасд дорад дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин дар масъалаҳои тиҷорат низ суҳбат кунад.

Дар ҳамин ҳол, Крелм эълон кард, ки омодагиҳо барои анҷоми суҳбати телефонии Владимир Путин бо Доналд Трамп дар ҳоли анҷом аст.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико низ эълон намуд, ки Марко Рубио ва Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷии Русия суҳбати телефонӣ анҷом дода, аз созиш бар сари табодули беш аз 1000 сарбоз миёни Укрина ва Русия истиқбол карданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи ҷумъа 16-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия нахустин даври музокирот миёни ҳайати Русия ва Украина доир гашт. Дар ин даври музокироти мустақим, ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки ҳазор асири ҷангиро бо ҳам табодул кунанд. Ҳамчунин, ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки барои поёни ҷанг ва барқарор шудани оташбас музокироти мустақимро идома диҳанд.

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.