Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Дар ҳамлаи Ҷабҳаи муқовимат ба постгоҳи Толибон 13 толиб кушта шуд
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо роҳбарии Аҳмад Масъуд масъулияти ҳамлаи шаби ҷумъаи 16-уми майро ба уҳда гирифт. Дар натиҷаи ин ҳама як постгоҳи Толибон дар ноҳияи Дараи вилояти Панҷшер комилан тахриб шуда, 13 толиб кушта шудаанд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо нашри як хабарнома ҳамла ба постгоҳи Толибонро тасдиқ карда, афзуд, ки ҳамла соати 9:00 шаби ҷумъаи 16-уми май анҷом дода шуд.
Бар асоси иттилоъ, ин ҳамла дар ноҳияи Дараи вилояти Панҷшер анҷом ёфта, дар натиҷаи он, ба иловаи кушта шудани 13 толиб, 4 толиби дигар захмӣ ва таҷҳизоти низомии ин гуруҳ нобуд карда шудааст.
“Дар ин амалиёт ба неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва ғайринизомиён осебе нарасидааст”- таъкид мешавад дар хабарномаи Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон.
Масъулони гуруҳи террористии Толибон ҳанӯз расман ин хабарро тасдиқ накардаанд. Ин гуруҳ табиатан аз ҳамлаҳои мухолифонаш гузориш намедиҳад ва ин ҳодисаҳоро пинҳон мекунад.
Манобеи мустақил ба расонаҳо гуфтаанд, ки шаби ҷумъа таркиши неруманд дар ноҳияи Дараи вилояти Панҷшер дар макони ҷойгиршавии неруҳои артиши Толибон рӯй дод.
Дар ҳафтаҳои ахир ҳамлаҳои чирикии неруҳои зиддитолиб дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Чанд рӯз қабл, Ҷабҳаи озодӣ масъулияти ҳамла дар маркази вилояти Қундузро, ки боиси тахриби як мошини низомии Толибон шуда буд, ба уҳда гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”