27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:09, Душанбе
19.05.2025 10:09

Як ширкати русӣ барои истихроҷи конҳои нафт дар Афғонистон бо Толибон шартнома имзо кард

Ширкати русии “Инетко Русия” дар шаҳри Қазон бо гуруҳи террористии Толибон шартнома имзо кард ва ба истихроҷи конҳои нафтии Афғонистон машғул хоҳад шуд.

Шартномаи нафтӣ миёни Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва тиҷорати Толибон ва намояндагони ширкати русии “Инетко” ба имзо расидааст.

Вазири саноат ва тиҷорати Толибон Нуриддин Азизӣ дар суҳбат бо Риа Новости гуфт, ки “Созишномаи ҳамкорӣ дар ин замина ба имзо расид. Ин тавофуқ дар нишасти Русия ва ҷаҳони Ислом дар Қазон ба даст омад”.

Дар ҳамин ҳол, Рустам Хабибулин, раиси Маркази тиҷорати Русия дар Афғонистон гуфтааст, ки ширкати “Инетко групп” ковишҳои бештари геологиро анҷом дода, омодааст, ки корҳои пармакуниро оғоз кунад. Ӯ афзуд, ки бар асоси шартнома ин ширкат як корхонаи истеҳсоли нафт бо инфрасохтори лозимиро дар Афғонистон бунёд хоҳад кард. Раиси Маркази тиҷорати Русия дар Афғонистон таъкид кард, ки “ин аввалин тавофуқ дар навъи худ” мебошад.

Дар нишасти форуми Қазон-ҷаҳони Ислом гуруҳи террористии Толибон бо мақомоти Русия панҷ ёддошти тафоҳуми ҳамкориро дар бахшҳои мухталиф имзо кард. Забир Кобулов, намояндаи хоси президенти Русия дар умури Афғонистон чанде қабл гуфт, ки Толибон сафири худ дар Русияро муаррифӣ кардаанд ва баъди баррасиҳо аз сӯйи Вазорати корҳои хориҷии Русия эътиборномааш қабул хоҳад шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.