27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ тарҷума шуд
“Хотира”-и Ҷонибек Муродов аз чӣ қисса мекунад?
Ҳунарманди маъруфу шинохтаи тоҷик Ҷонибек Муродов таронаи навбатиашро бо номи “Хотира” дар ютубканали “JM Company” нашр кард.
Суруди “Хотира” бо намоҳангаш пешниҳод шуда, дорои сужаи аҷиб ва муассир аст. Дар он рӯзгори зани танҳое қисса мешавад, ки пас аз солҳои зиёд фарзанддор мегардад. Чун дар ҳаёти оилавӣ шавҳараш хуб набудааст, умед мебандад, ки фарзандаш марҳами ҳама дардҳояш мегардад. Зан бо танҳоӣ писарашро калон мекунад ва рӯзе ӯ бо рақифҳояш дучори садама мегардаду дар беморхона ҳалок мешавад.
Дар намоҳанги мазкур нақши марказиро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Моҳпайкар Ёрова иҷро кардааст.
Метавон гуфт, ки таҳиву нашри чунин сурудҳову намоҳангҳои иҷтимоӣ аз ҷониби сарояндагони маъруфу роҳнамо то андозае барои насли ҷавон ибратомӯз аст. Дар ҳоле ки ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархеҳо бо сурудҳои бемазмуну бемантиқ тамошобини худро пайдо кардаанд, будани ин гуна сурудҳо каме ҳам бошад, завқи мардумро баланд мебардорад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷонибек Муродов аз ҷумлаи он сарояндагонест, ки сурудҳои иҷтимоӣ хеле зиёд сароидааст. Аз ҷумла, “Худо яктост” “Худо ҳаст”, “Мусофир”, “Месароям” “Айлон” ва ғайраҳо.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”